Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъдтар дар бораи Мирзониёз дарак ёфт; вақте ки ў мактабро тамом карда, Мирзониёз Равшанбоев шуда баргашт. Ин хел падар доштанашро Ниёз намедонад, аммо барои чӣ ин хел шуданашро медонад, акнун ақли ў ба ҳар чиз мерасад ва чаро ҳар хел ранг гирифтани воқеаҳои дунёро сарфаҳм меравад. Аз рўи ақлу фаросата ў бояд, ки Ниёз ибни Фаёз ном мегирифт ё аз рўи русуми мактаби туземӣ Фаёзов Ниёз мешуд, аммо ў Равшанбоев шуд. Ниёз дар ин мактаб чизҳои дигарро низ фаҳмид; мактаб, ки программаи махсус надошт, шогирдонро бештар ба дарси ҳисоб, омўхтани забони русӣ ва тарғибу ташвиқи Ҳукумати подшоҳӣ машғул медошт, то онҳо ҳамчуи гумошта ва расули Россияи подшоҳӣ тайёр шаванд, миёни мардуми Осиёи Миёна кор бурда тавонанд; ҳисобчӣ ва ё тарҷумон бошанд, алғараз, ба манфиати подшоҳ хизмат кунанд.
Ниёзи бепушту паноху бепарастор аз дилу ҷон ба машғулиятҳо дода мешуд ва ҳатто вақтҳои таътил ҷои рафт наёфта, дар корхонае ва ё даргоҳи касе хизмат карда, машғулиятҳоро пеши худ такрор мекард ва ҳатто ёди ба Зарафшон баргаштанро надошт.
Мепиндошт, ки дар он ҷо касе надорад ва ўро беҳтар буд, ки ба дигар ҷо фиристанд. Дар тўли шаш сол Ниёз ҳисобдон шуд ва забони русӣ омўхт, бинишу фаҳмишаш дигар шуд, вале чашми ўро бештар мардуми оддӣ ва коргарони ҷойҳое, ки Ниёз вақтҳои таътил кор мекард, кушоданд. Акнун ба худ савол медодагӣ шуд:
«Чаро нобаробарӣ? Чаро каму зиёд?» Вале ҷавоби саволашро дарёфт карда наметавонист. Ва сарфаҳм намерафт, ки дар олам хурду калон кабиру сағир гуфтанӣ ҳарфҳо ҳаст, зўру камзўр ҳаст, забардасту зердаст ҳаст. Лекин чаро? Чаро ҳамин хел ҳаст? Чаро нобаробарӣ... Ҳа-а, гуё аз рўзи азал – аз рўзи офариниши оламу одам ин чиз вуҷуд дорад ва касе онро баробар карда наметавонад; гўё дар аҳди баъзе шоҳон дар сухан баробариҳо мешаваду дар амал не. Ниёз дар сўҳбати калонсолон низ чунин ҳарфҳоро шунида буд ва ба гўшаш расида, ки кори худост... Худаш ки ин хел нобаробарӣ карда бошад, пас кӣ метавонад онро баробар кунад?... Шояд он гоҳ якрангӣ ба дили ҳама мезад, дунё аҷобате ва ё тамошогаре надошт он гоҳ ҳама мисли рама чарида мегаштанд; аз тахтафтониву батахтнишонӣ лозим ҳам намешуд, достону қисса гуфтан ҳоҷат надошт.» Ҳамин хел андешаҳо дорад ў, аммо ба таги ин андешахо намерасад. Чаро як кас чарбу гирифта хобад будаасту сад кас барои ў кор кунад? Чаро калон ҳар чӣ хоҳад, гўяду хурд ҳуқуқи даҳон кушодан надошта бошад? Чаро... чаро...
ва боз чаро? Ҷавоб нест. Лекин тасаллои дил ҳаст: дунё ҳамин хел сохта шудааст. «Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем»
мехонд бобо, аммо Ниёз ба ин сухан сарфаҳм намерафт, акнун ба маънии он меравад, дарк мекунад, ки кайҳо боз мардум ин чизро орзу мекардаанд, дунёи дигар мехостаанд.

пешина
аз 279
навбатӣ