Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Ҳамин тавр ҳам мешуд, ки Ниёз ҳангоми дарс ба андеша фурў рафта аз муаллимон гап мешунид:
— Равшанбоев, ҳушат дар куҷост? – аввалҳо, ки ў ба ин фамилия одат накарда буд, ба зудӣ ба сухани муаллим ҷавоб намегардонд, сонӣ-сонӣ ҳушёр шуд ва баробари Равшанбоев гуфтан дида ба муаллим медўхт.
— Равшанбоев, такрор бикун, ман чӣ гуфтам?!
— «Чаро нобаробарист?» гуфтед!
— Чӣ-ӣ?!
Ва Ниёз сурх мешуд, сафед мешуд, хиҷолат мекашид, аммо ўро аз андеша ҷудо кардан лоимкон буд, ҳамчунон ки бо андеша ҳамзод бошад.
— Равшанбоев! Аз мактаб пеш мекунам, бачча!... Аввалҳо баччаи хуб будӣ, ин вақтҳо ба дарс гўш намекунӣ! Ё саводат баромад? Ё дунёро дигар карданӣ ҳастӣ? А?
Ва ба саволҳои дигар, Ниёз ҷавоб нагуфта хомўш меистод, шарикдарсонаш ҳарф мезаданд:
— Муаллими мўҳтарам, вай панҷ сол аст, ки ба хонаашон нарафтааст, – ҷавоб медод Маннон – ба ном писари бои самарқандӣ.
— Барои чӣ? А! Барои чӣ? Барои чӣ ў ба хонааш намерафтааст?
— Ў касе надорад. Сағир!
Тотормуаллими зардинамўй низ ба андеша мерафт: «Чӣ хел? Ба ин ҷо ятимон намеоянд-ку, фарзандони бойҳо меоянд, писарони онҳое, ки ба Россия хизмат кардан мехоҳанд... Дигар хел шуданаш мумкин не...» Вале ў тагкобӣ накард; сарашу равғанаш...
Ва аммо ҳамин ки мактаб тамом шуд, Ниёз ҳамчун писари бойи Панҷакат Мирзониёз Равшанбоев шуда ба Зарафшон баргашт...
Акнун ў хиҷолат мекашид, ки чӣ тавр ба назди Равшанбой равад ва агар равад, аз ў таънаю маломати зиёде мешунавад. Таъна мешунавад, ки бой ўро ҳамчун писар баумед фиристод, аммо ин писари қайсар умеди ўро барбод дод... Як бор баргашта миннатдорӣ накард ва боз Равшанбой пешравӣ мезанад, ки ўро – писарро рафта хабар гирифтанӣ шуд, чанд бор азми сафар кард, лекин дар куҷо будани ўро, ки намедонист, хабар гирифта натавонист, албатта ҳамин хел мегўяд ў ва рафту Мирзобобур ҳам дар хонаи ў бошад, Равшанбой ба вай салом медиҳад, ки гуфтаи ў шуд: чунин роҳро Мирзобобур ба Мирзониёз нишон додааст. Мирзобобур сухани ўро рад мекунад ва миёни эшон манша мешавад ва баъд... чӣ шуданаш равшан нест. Не-е... ҳарф дигар аст: Равшанбой Мирзобобурро коҳиш карда буд, ки беҳуда дар назди писарак чунин ҳарфҳоро гуфтй, ба гўши ў сурб барин рехт: «Ҳамин ки аз даргоҳи ў рафтӣ, дигар ёди ўро накун, барнагард...» Вале ҳоло Ниёз намедонад, ки Мирзобобур бо шўриши ангиштканон чӣ кор кард, сабаби шўриш чӣ буд ва худи ў чӣ ҳол дорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо