Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Намедонад, ҳеҷ чиз намедонад; дар бораи бобои Наврўз ҳам чизе намедонад. Чунин ба назар мерасад, ки баъди ба Ҷилав баргаштан ёди хешу табор мекунад ва ба хотир меорад, ки дар ин ҷо ягон касро суроғ кардан мумкин аст, аммо ба хотири чӣ? Ҷавоб намеёбад. Дар кони Ҷилав ў барои дигарон ва дигарон барои ў ношиносанд. Ҳатто соҳиби кон Александрин ҳам... Баъди чанд вақти дар ин ҷо кор карданаш ў дарёфт, ки Александрин низ дар ин ҷо одами нав будааст; кончиёни пештара
– Врублевский ва Баршевская барои Кони Сўхта миёни худ ҷангу талошҳо карда рафтаанд ва Александрин пули зиёд харҷ карда дар волости Фаробу Моғиён кончии машҳур шудааст. Ва Ниёз дар ин ҷо ҳисобчӣ аст; ба тавсияи мактаб ҳисобчӣ шуда омадааст, акнун ҳар гоҳ сухани Бобурро ки дар хонаи Равшанбой гуфта буд, ёд меорад: «Айби ҳисобчиҳои лаънатӣ...» Лекин чӣ айб? Намедонад ва андеша мекунад, ки ҳисобчию коргар ки шуд, чӣ мешавад? Албатта масъалаи музд будагист. Барои ҳамин Ниёз дар дил қарор медод, ки хаддалимкон ба коргарон хуш ояд; коре кунад, ки мувофиқи кор музд гиранд, на ба мисли коргарони берўзии дигар ҷойҳо, ки ҳаққи худро ситонида натавонанд...
— Шумо мардуми Кўҳистонро намедонед, Искандари азиз...
Мардуми ин ҷойҳо аз рўи ихлос ба кас наздик мешаванд, ҳамин ки ихлосашон гашт, на ба зўрӣ, на ба зорӣ, на ба зар онро баргардонда наметавонӣ. Онҳо сипоҳиро намедонанд – мисли мужикҳои Россия, ҳар чӣ дар дил доранд, ба забон меоранд... Шумо аз ман калон, Искандари азиз, ба шумо ақл шуданӣ нестам, ҳамин қадар гуфтаниам, ки мардуми Кўҳистонро фиреб дода кор фармудан мумкин нест. Ман ин халқро баъдтар фаҳмидам, вақти дар мактаб хонданам...
— Ту одами андак пе, Ниёз, хурд ҳам не... Тамоман хурд не. Ба бисту се даромадӣ, аз ман шонздаҳ сол хурд, вале фикру андешаат, суханрониат аз они калонҳо, одамони ботаҷриба барин... Ман ин чизҳоро мефаҳмам, лекин ҳоло имконияти ба коргарон музди зиёд додан надорем. Ҳар вақте ки фоидаи ангиштро дидем, кадом вақте ки ангишти мо шаҳри Панҷакенту Самарқандро таъмин кард, коргарон музди хуб мегиранд... Ин тақрибан баъди омадани роҳи оҳан мешавад.
— Шумо гуфтанӣ, ки ангишт мардумро рўзирасон мешавад?
— На танҳо рўзирасон, вазифаи ангишт дигар аст... Ту ин чизро бояд донӣ, дар мактаби туземӣ хондаӣ, ҳамаашро бояд донӣ: кони ангишт барои мо – разведка...
Ниёз мисли ҳамеша ҷавоб надода, ба фикр рафт ва баъди муддатҳо сар боло карда ба ў рў овард ва боз чизе нагуфта ҷониби кўҳҳои баланд ва сиёҳ нигарист: «Ин кўҳҳо аз офтоб ин қадар сўхтаанд... аз бекасӣ ин қадар сиёҳ шудаанд...» Сонӣ ба хулосае

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо