Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

омадагӣ барин нигоҳашро аз кўҳҳо баргирифта ба рўи Александрин дўхт:
— Шумо гумон мекунед, ки зери ин хоки сиёҳ қабат-қабат...
— Ҳамин хел, қабат-қабат...– сухани ўро бурид ва табассум кард.– Агар қабат-қабат намебуд, зарурате надошт, ки русҳову немисҳову англисҳо ба ин кўҳистони сахт омада, азоби гўрро кашанд ва баъзеашон зери хоки сиёҳ шаванд, аз кўҳу камар парида муранд...
— Ҳа-а, Кўҳистон сахт, лекин ҷони мардумаш аз он сахттар...
Ҳамааш аз бесоҳибӣ, – худ ба худ мегуфтагӣ барин овоз баровард Ниёз.
— Ҳамин хел мурданҳо?
— Не, ба кони Кўҳистон соҳиб шудани мардуми ғайр аз бесоҳибист... Аз дасти мардуми Кўҳистон намеояд, ки чизи худододро саришта кунад...
— Худо ба касе медиҳад, ки дорад... Баъд мардуми хориҷӣ беҳуда ба ин ҷо намеоянд. Ин кори капитали хориҷӣ. Шарокат...
Ҳукумати подшоҳӣ медонад, ки танҳо замин ва саховати он метавонад қарзро адо кунад... Капитал-капитал, дунёро ба бозӣ медарорад ин чиз...
Фикри Ниёз ба дигар тараф банд шуд: «Шояд чунин корҳо ҳам зарур бошад, шояд ба мардумони таҳҷоӣ дарс шавад, шояд худашон роҳи корро ёд гиранд, ё то ёд мегиранд, ки дар синаи кўҳҳо чизе намемонад?... Ба ин одамҳо чӣ зарур? Ба хонаашон ангишт бурда гарм нашаванд, ин қадар одамонро зулм карда, кор фармуда, музди ночиз дода, моҷаро ба миён овардан барои чӣ? Барои фис мирӣ? Ҳа-а, инҳо фиристодагони Александри III.
Модом ки Александр ба сари Абдулаҳадхон тоҷи амирӣ гузоштааст, чаро мардуми мулки ў, гумоштаҳояш, фиристодаҳояш ба ин мулк наоянд?... Рост, подшоҳ бояд қарзашро адо кунад, аз синаи Кўҳистон канда, ба пешонаи капиталистҳо часпонад, кисаи онҳоро пур кунад....»
— Ҳамин хел...
— А?
— Чӣ ба хаёл рафтӣ?
— Андеша мекунам, ки бояд аз шумо бисёр чизҳоро омўзам:
калимаҳои русиро ва баъд шикорро. Мегўянд, ки шумо шикорчии моҳир ҳастед, вале ман то ҳол дар даст камон ё таппонча надоштаам...
— Хуб, ки камои ё таппонча надоштаӣ, аз камон ё таппонча тир паррондан кори хуб нест. Як фикр кун, ки ба кӣ лозим садои шуми он... А? Магар лозим аст? Албатта не. Лекин ту майл дошта бошӣ, ба шикор меравем; ба шикори архар.
— Майлатон...

пешина
аз 279
навбатӣ