Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

...Вале баъди чанд рўз Александрин гуфт, ки шикорро бояд аз дигар тараф сар кард; аз коргарони оддӣ. Ниёз ба ин ҳарфи хўҷаин чӣ ҷавоб доданро надонист, ҳайрон монд, ки чӣ зайл коргарро шикор кардан мумкин бошад? Шояд ў ҳазл кунад?
— Чӣ хел одамро шикор кардан мумкин?
— Наход ки ту ҳамин қадар сода бошӣ? – ҳайрон ба рўи ў нигарист Александрин, – Ин кори осон: хоҳӣ, ки коргарат аз фармонат сар натобад, аввал маошашро намедиҳӣ, сонӣ ҷарима меандозӣ ва...
— Ва ин роҳи дуруруст аст?
— Магар не? Медонӣ, ки ў маҳз барои рўзгузаронӣ ин корро мекунад, магар ин ҷои ҷони ў нест?
— Ва ин кор дер давом мекунад?
— То табар омадан кунда осудааст...
— Бе ҳамин ҳам ба сари халқи маҳаллӣ зулму тааддӣ кам нест, то гулў ба қарзи андоз ғўтидааст... Андози дутарафа: андози Ҳукумати подшоҳӣ ва андози хўҷаинони таҳҷоӣ... Тасаввур кунед, ки шуморо аз ду лингатон гирифта, ду бузкаш ба ду тараф сари аспашро метобад...
— Ин чӣ гуфтагиат? – як қад парида пурсид ў.
— Оқибати зулму таадӣ ҳамин хел мешавад...
— Ҳумм, – мадд кашид Александрин, аммо чизе нагуфт.
— Махсусан одамони ин ҷо бисёр қавирўҳ мегўянд, аз Иноғбек омўхтагӣ мегўянд, – луқма доданӣ шуд Ниёз, аммо Александрин ранҷида чизе нагуфт...
...Ба қавли худаш «Ниёзи пойлуч ҳисобчӣ шудааст» вале наметавонад, ки ба мардум ёрӣ расонад. Чунин нияти ўро баъзеҳо пай бурда маслиҳат медиҳанд, ки ба умеди ин мардум нашавад, дар гўраш чароғ намемонанд, худашро бинад. Лекин Ниёзи дилсоф ғами гўрро надорад, вай мехоҳад, ки мардум осуда бошад, қомат рост кунад, нафаси осуда кашад. То ба кай қомати ў зери бори чандтарафа хам мешавад, то ба кай фишор оварда нафаси ўро мегардонанд. Дар ин музофот зулми чашмнадидаву гўшнашунидаи Иноғбек бас набуд, ки боз зулми подшоҳ, зулми калонҳои водӣ пеш омад? Ва ростӣ, ҳоло одамон аз зери чодари ситами мири Моғиён дур нашуда буданд. Акнун шоҳу бойҳо ба рўи ин санги вазнин борсанг мегузоранд...
...Ривоят мекунанд, ки Иноғбек ягона бекест, ки ба амири Бухоро сар нафаровардааст ва ҳатто ба даъватҳои ў нарафта, беписандӣ кардааст. Амири Бухоро чанд бор одам мондааст, ки ба наздаш равад, аммо Иноғбек сар кашида гуфтааст, ки ман лозим бошам, амир биёяд ва агар амир ба ман лозим шавад, худам наздаш меравам... Амир илоҷ ҷуста, хостааст, ки ба воситаи мири Кеш, ки бародари Иноғбек буд, беки саркаши Моғиёнро ба даргоҳаш биоварад. Мири Кеш худ назди бародар рафтанро ор дониста, дастае аз лашкаронашро фиристодааст, ки Иноғбек биёяд.

пешина
аз 279
навбатӣ