Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Иноғбек «лозим бошад, худи бародарам биёяд» гуфтааст ва дидааст, ки авзои кор бад аст, барои эҳтиёт дар Моғиён қалъа сохтааст. Бек, ки қалъаро сари ғазаб сохтааст, ба назараш одам пашша метофтааст.
Раҳму шафқат барин чизҳо дар дил ва даргоҳи ў роҳ надоштааст.
Барои ҳамин мардум баъди қалъаро сохтан онро «Қалъаи ситам»
ном ниҳодаанд. Халқ аз гил лой ошурда, пашму коҳ ҳамроҳ карда, ба пушти чакманашон бардошта, боло бароварда, ба рўи девори паҳни қалъа, ки ҳашт газ бар дошт, пахш мекарданд ва дар қабаташ чўбҳои арчаи аз кўҳ бурида овардаашонро уреб хобонда, аз болояш боз лой зер мекарданд ва чунин ҳол ҳам рўй додааст, ки аз рўи каммадориашон, рафта, вақти лойи пушти чакманро холӣ кардан афтида, чўбу лой гузошта, ҷасади зиндаи онҳоро миёни девор гўр кардаанд, то ба дигарон дарс шавад, ки даргоҳи Иноғбек макру тақалро намепарварад, ҳиллаю найранг ба кор намеравад.
Чашми коргарони берўзиро ҳамин зайл тарсонданӣ буд ў. Мардуми он ҷо Қасри ситамро аз ҷасади одамӣ биношуда медонанд. Ва ин зулмест, мегўянд, баъди зулми амир Темур пурдаҳшаттарин, ки аз сари инсон манора рост карда буд... Боз золимии Иноғбекро аз он медонанд, ки барои дастгир карда ва баста бурдани ў аз ҷониби бародараш ҷосусе омада буд, ин асрор ҳувайдо шуд ва Иноғбек ҷосусро дастгир кард ва қатл фармуд; ҳукми қатл чунон буд, ки касе дар ягон замоне надида ва нашунида: деворро сўрох карда, сари ҷосусро аз сўрохӣ гузарониданд, аз гарданаш таноб андохта, нўги танобро ба тири ҷуфти гов бастанд, говонро говрона заданд, то сари ҷосус аз тан ҷудо кунанд, вале ҳарчанд ки говон зўр заданд, сар аз тан ҷудо нашуд. Сонӣ донишманде биомад ва фармуд: «одамиро азоб надеҳ, харпаи пояшро бибур!» Харпай бибуриданд ва сар аз тан ҷудо шуд; каллаи пайваста ба харпай аз паи ҷуфти гов замин соида мерафт...
Ниёз андеша мекард, ки чӣ хел дар ин музофот зиндагӣ кардан мумкин аст, агар Александрин чунин қиссаро фаҳмад, як рўз ҳам дар ин ҷо кор намекунад. Ҳарчанд ки Иноғбек кайҳо аз ин ҷаҳон гузаштааст, дили кас ваҳм мекунад; беки золим на ба ҳукми амир, на аз дасти бародару ҷосусон, балки ба аҷали хеш мурд, аммо даҳшати ў ҳоло ҳам ба сари мардум меборад... Ва боз андеша мекард, ки чаро ўро ба Киштўд нафиристода, ба кони Ҷилав фиристоданд, ҳол он ки овозаи кони Заврон-Киштўд кайҳо ба водӣ паҳн шудааст, ба хаёли ў агар ба Киштўд мефиристоданд, хубу бад бошанд ҳам, баъзе шиносҳоро дучор мешуд, балки нашинохтанашон ҳам мумкин, агар аз чашмони тезаш каси ўро дида фарқ накунад, дар либоси аврупоӣ ин ҷавони шапкабасарро ба зудӣ шинохтан диққати махсус мехоҳад. Вале дараки ба водӣ баргаштани Ниёз пинҳон намонд; хешовандон хабар ёфта ба суроғи Ниёз омаданд. Аммо ўро диданду нашинохтанд – амакаш Аёз ўро нашинохт, лекин Ниёз ўро хуб шинохт, шинохту сирр надод, сонӣ ҳамаи кирдукорҳоро пеши назар оварда, дар дил хулоса кард, ки ба ҳамаи он чизҳо Аёз чӣ гуноҳ дорад.

пешина
аз 279
навбатӣ