Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Магар аз Қошғар кўчонда овардани ў гуноҳ аст? Ба ин савол Ниёз ҷавоб ёфта наметавонад.
Бори дигар қиссаро аз лавҳи хотир гузаронида, ба хулосае омадан лозим, ки айбу гуноҳи кист? Магар чунон кардани амак гуноҳ буд ё савоб? Магар ў ятиму дарбадар шудани додарзодаашро мехост?
Ниёз ҷавоб ёфта наметавонад. Ба қавли калонҳо «амри тақдир, қисмат», аз ин чиз ҷои гурез нест... Ҳамин хел бошад-набошад, ҳамааш даргузашт. Ҳоло чӣ кор кардан лозим? Худро шиносонад ё пинҳон шавад?
— Қаландарҳо барин киро меҷўед? – Мансури моғиёнӣ, аз рўи фармудаи Ниёз, пеш омада пурсид аз онҳо.
— Мирзониёзро, Мирзониёзи киштўдиро... аз рўи шунидамон мактаб хонда ба ин ҷо калон шуда омадааст.
— Намедонам, калони мо – урусҳо, немису англисҳо... надидаам, ки тоҷик ба сари мо калон шуда омада бошад. Агар мақсад коргар шудан бошад, ман ба калонҳо гўям, шуморо қабул кунанд.
— Не-е, дар мулкамон кор ёфт мешавад, мо ҳам ҳамин хел кон дорем; дар худи Киштўд, аммо... аммо бефоида, – шавҳари аммаи Ниёз, ки ҳамроҳи Аёз омада буд, аз дигар тангкўча даромад кард.
— Чӣ хел бефоида? Магар музд намедиҳанд? – ҳайрон шуд Мансур.
— Гап дар музд не, аз рўи китобҳои қадима, синаи кўҳро, ки кофта дилу ҷигарашро кашида гирифтӣ, дарунаш ковок мешавад ва як рўз не, як рўз фурў меравад, – воҳимаангез гуфт Бадал.
— Э-э, бародар, лозим шавад, далу ҷигари худатро ҳам мегиранд.
— Ин осонтар аст, нисбат ба дилу ҷигари кўҳро кашидан...
Ба назар онҳо баҳс мекарданд, аммо Аёз аз байни касони гирду атрофи кон нишонаи Ниёзро меҷўяд: «Ана ин... Не, ин қадар барвақт пир шуданаш мумкин не... Ана инаш... ҳатто ба тоҷик монанд не, инаш... Мўи сар ўро бубин, мўи сари зан барин... Инҳо коргар, сару рўяшон сиёҳ, вай бояд калон бошад, салавот дошта бошад...»
— А, почо, – ба Бадал рў овард ў, – ҳавай Мирзониёз не? – каси аз даҳанаи кон баромадаро нишон дода пурсид Аёз.
— Не, вай не, – сирро бой дод Мансури зард.
Аёз ки диққаташ ба дигар тараф банд буд, ба чунин ҷавоби ў таваҷҷўҳ карда, пурсид:
— Пас, шумо медонед, ки Мирзониёз дар куҷост?
— Не, намедонам, – оғози ў дупўста баромад.
— Ба ҳурмати худо, аз овозатон маълум, ки медонед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо