Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Рўи баҳси онҳо касе наздик шуд, ки рўяш ҷавону ҳайкалаш калон метофт. Аёз ўро дида як қад парид, ки бародараш Фаёзро дида бошад ва ба Мансур теғ кашида нигоҳ кард, аммо Мансур ба нигохи ў эътиборе надода, ба ҷавони пеш омада муроҷиат кард:
— Рафиқ Равшанбоев, фармудаатонро иҷро карда натавонистам!...
«Барои чӣ Равшанбоев? – ба худ савол кард Аёз ва гўё ки саволашро ў шунида бошад, рост ба чашмони Мансур зеҳн монд.– А, чаро?.. Вай писари Фаёз...»
Аёз базўр худдорӣ мекард; мехост, ки дод зада, пеш рафта, ўро дар оғўш гирад, аммо аз сухани Мансур дар ҳайрат монда буд
– тамоман одами дигар, одам ба одам монанд шуданаш мумкин, аммо ба ин дараҷа не; ба Фаёзн кайҳо хок гашта ин хел монанд шудан... Мўи пушти лаб ва карч барин риш гузоштанаш ба одамони дигар ҷо монанд мекунад ўро, дар тоҷикон ин хел ришу мўи лаб гузоштан расм нест ва дар ин синну сол онҳо ин корро намекунанд. «Мирзониёз нестӣ? Ту писари Фаёз нестӣ??» ғулғула мекунад ин савол дар забону даҳони ў, аммо ҷуръати пурсидан надорад, рафту ў набошад, малол мепирад.
— Кай тавониста будӣ, ки акнун тавонӣ, – гуфта Ниёз бепарво аз назди онҳо дур шудан хост.
— Шумо...– пеш омада пурсид Аёз, аммо давоми сухан дар даҳонаш монд. Ба Бадал нигарист ў ва дид. ки вай ба аломати тасдиқ сар ҷунбонд ва баҷуръат ба ҷавон наздик шуда дасти салом дароз кард: – Ба назарам гарм метобед, ба бародарам мемонед; ба Фаёзи рахматӣ...
Ниёз қадам боздошт ва магар косаи сабраш лабрез шуд, ки худдорӣ карда натавонист; фарох шудани парраҳои бинӣ ва ҷунбидани лабонаш гувоҳи тан додани ў буданд: «Чаро ба ёдам овардӣ?» ҳамин хел аз Аёз пурсиданӣ шуд, аммо аз забонаш дигар чиз баромад:
— Кадом Фаёз?
— Фаёзи киштўдӣ.
Дили Ниёз андаке зад, танаш арақ баровард. Ў амакашро шинохт, мақсадро ҳам фаҳмид, аз падар рў гардонда намешавад; бояд «ҳа, ман писари Фаёзи киштўдӣ» гўяд, аммо сари зуъм забонаш намегардад. Мансури зард чашм ба даҳони Ниёз медўзад, ки чӣ мегуфта бошад.
— Мирзониёз, моро бобот фиристоданд, – пеш омада ва Ниёз будани ўро дониста, гуфт Бадал.
Ниёз чизе гуфта натавонист. «Бобот фиристоданд» ришхандомез табассум кард ў ва рафт. Ҳамроҳи Мансури зард рафту даруни кон даромад ва баъди интизории зиёд кашидани онҳо ёри Александрин баромад. Александрин дастон пушти бар карда ва чашми айнакдор ба роҳи ноҳамвори пур аз кўрсанг дўхта, қадам ба пеш партофт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо