Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Ниёз гўё ба гардани баста аз паси ў мерафт, аммо меҳмонон дар дил шодӣ доштанд, ки раги гарданаш мулоим шудааст, боз «хешони Ниёз ҳастед?» гуфтани марди рус онҳоро хушнуд кард, ки Ниёз ба ў кӣ буданашоиро фаҳмондааст. Ба ҳаёли онҳо Ниёз бо ин мард маслиҳат карда, эшонро ба меҳмонӣ мебарад.
Ҳамин тавр ҳам шуд; онҳо ба хонаи Ниёз рафтанд – хонаи сангдевори хурд, ки дар гўшаи боғи калони амаки Салоҳиддин воқеъ гаштааст ва Қалъаи даҳшати Иноғбек аз ин ҷо хуб метобад. Ба назар Ниёз аз чунин манзил доштан шарм мекард, шояд барои ҳамин меҳмононро ба хона даъват накард, ин кори Александрин.
Гўё ин ҳавлӣ аз они пайвандони Иноғбек аст ва Ниёз аз он ҷо будан ибое надорад, аммо ин чиз ба Аёз нафорид, «Ё ҳу!» аз ин ҷо бояд бароӣ мегуфт, гўё худро ҳомӣ ва пайванди ягона дониста ба ў маслиҳат медод ва боз аз Александрин хоҳиш мекард, ки ҳамроҳи Ниёз ба Киштўд равад.
— Дар мулки мо ҳам ангишт ҳаст, мўҳтарам Искандар.
— Медонам, – табассум карда гуфт Александрин, – ангишти аъло дар мулки шумо, аммо кораш душвор, воситаи кашондан нест... Лекин талоши Боуэр зўр, аз мо гузарондан мехоҳад... Вале мо...а, Мирзониёз? Даст ба каш намешиштагистем?
Ниёз сар ҷунбонд, абрўяш гирифта аст, лабаш табассум намекунад. Ба назари Аёзу Бадал, ки маддаи дили ў ба ин наздикиҳо холӣ намешавад, дардаш сахт; ҳар каси ба падару модар муҳаббат дошта чунин рафтор мекунад ва агар баъди сари падару модар касе ба ў мурувват накарда бошад, аз ҳама чиз эътиқодаш мегардад.
— Мирзониёз, дар Кўҳистон нооромӣ, – ба Ниёз фаҳмонданӣ шуд Бадал, аммо Ниёз ба сухани ў эътибор надод. Александрин аз сухани ў маънӣ кашиданӣ шуда пурсид:
— Чӣ хел нооромӣ?
— Андозҳои чандтарафа аз сару гўши мардум дамидааст, халқҳо намедонанд чӣ кор кунанд; ин ҳукми бешабононро мегўеду зулми қозию аминро мебинед, бадтараш шиканҷаи валаснои нав, ки барои губернатор сарват ҷамъ мекунад.
Александрин мадд кашид ба маънии «аҷаб». Аҷаб, ки кўҳистониҳо андозҳои шоҳонаву амиронаро хуш надоранд, ба қадри хеш мерасанд... ва шубҳае нест, ки балво ба миён ояд. Аммо фикри Аёз ба дигар чиз банд аст: «Бобот гумон карданд, ки ту сағираи сархўр ҳастӣ, шумқадам ҳастӣ, ҳама бало ту; барои ту шуда писарашон мурд, барои ту шуда миёни бародарон ҷанҷол хест, барои ту шуда бобо бо Маликбой пасту баланд гуфтанд... гўё деҳа ҳам барои ту шуда ҷунбид ва боз миш-мишу гапу калочаи деҳа...»
— Чӣ гуфтӣ, Мирзониёз, рафтан даркор-а? – ҳама андешаҳоро хулоса кардагӣ барин гуфт Александрин.
Ниёз китф дарҳам кашид:
— Шумо рафтагор ҳастед?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо