Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Чаро не? Аз дўст як ишора, аз мо ба сар давидан... Ман ин масалро бисёр мешунавам, барои ҳамин ба шумо гуфтам.
Дар чеҳраи Аёз дигаргунӣ пайдо шуд; хушнуд гашт. Оҳиста ба Бадал гўшаи чашм кард ва ба Ниёз нигарист, ки ин ҳарфи марди русро чӣ хел қабул мекунад. Аз намуди зоҳирии Ниёз чизеро пай бурдан душвор буд.
— Чӣ гуфтӣ, Мирзониёз? – худдорӣ карда натавонист Аёз.
Ниёз ба Александрин нигарист.
— Дар ҷойҳои шумо шикор мешавад? – гўё розӣ буданашро ба чунин сурат фаҳмонд.
— Мешавад, оҳую кабку харгўш...
— Хук чӣ?
— Мешавад, лекин мо онро шикор намекунем, – андаке рўй турш кард Бадал.
Александрин табассум кард: «Медонам, шумо хукро ҳаром медонед...»
...Александрин ваъда доду нарафт, гўё ба дили Ниёз нигоҳ карда нарафт ва хешон парешон гашта боз омаданд.
— Чаро нарафтӣ, Мирзониёз?
— Хўҷаин имкон наёфт.
Аёз медонист, ки айб дар хўҷаин не, балки худи ў рафтан намехоҳад, дилмонда аст.
— Ниёз, хешонат аз ту чӣ мехоҳанд? – ҳайрон монда пурсид Александрин.
— Худашон ҳам намедонанд, ки чӣ мехоҳанд.
— Як бор рафтан лозим барин, – хеле андеша карда гуфт ў.– Аспҳоро зин бизан...
...Дар даромадгоҳи деҳаи Некон Александрин якбора лаҷоми аспашро кашид, аспро боздошт ва ба сиёҳхокаи бари адир, ки ҳамагӣ чанд қадам аз роҳ боло буд, бадиққат нигарист. Адир ба қолаби танўр кома шуда буд. Ў аз асп фаромад, назди танўра рафт, бо думи тозиёна хокаро тит кард ва «об дар кўзаву мо ташналабон мегардем» гуфт.
— Ин танўра қисса дорад, хўҷаин, – маънии сухани ўро фаҳмида изҳор кард Бадал.
— Он қадар ба қисса монанд не-ку? – таҳкобӣ мекардагӣ барин гуфт Александрин.
— Шояд барои шумо қисса натобад, лекин барои мо қисса, ҳатто фоҷиа.
Александрин қомати андаке хам кардаашро рост гирифта ба ў нигарист.
— Хайр, чӣ хел фоҷиа будааст?
— Абдуҷалил ном марде дар кони Заврон коргар буд. Баъди шўриши кони Заврон ў корро партофта омад ва хост, ки худаш кон кушода, ҳамин ангиштро канда истифода барад. Ҳамин хел ҳам кард: чанд вақт ангишт канд, ба харҳо бор карда, бурда ба чойхонаҳои Панҷакат фурўхт, рўзаш ба болои ангишт монд, аммо ангишт ба ў суд накард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо