Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Зимистони ин ҷойҳо сахт меояд. Абдуҷалил мулки худам, моли худам, гуфта, оташи хонадонашро аз ангишт кард; ангиштро дар оташдон лух мегўронду сонӣ ба сандалӣ меандохт. Ва боре ҳамин хел шуд, ки касе аз хонаи Абдуҷалил берун набаромад. Ҳамсояҳо даромада бинанд, ки ҳама дандон ба дандон мондаанд...
— Кореро, ки намедонӣ, чаро даст мезанӣ? – сўи асп қадам зада гуфт Александрин, ки гўё аз чунин кони бехосият дилаш монда бошад.
Онҳо савори аспон миёни деҳаро мегузаштанд, занҳои деҳа одами шапкабасари айнакиро дида мегурехтанд, мардон бероҳа мешудаид, вале кўдакон бодиққат менигаристанд, ки меҳмонҳо ба хонаи кӣ мерафта бошанд. Ниёз намехост, ки ба он ҳавлие, ки фоҷиаи падарашро дида буд, равад.
— Амак, аввал як сари қабр равем, – изҳор кард Ниёз, ки ба гўристон рафта ба дидори падару модар мерасида бошад.
— Меравем, шери амак, лекин аввал боборо дидан лозим, сонӣ ҳамроҳи он кас меравем.
Аёз онҳоро на ба хонаи худ, балки ба ҳавлии бобо бурд. Ниёз безобита шуд, гўё ўро ба ҷое мебаранд, ки ҳаргиз ҳавас надорад; дилаш ба таҳлука афтод, алалхусус барои ин марди рус, ки «кофирро овардӣ» гуфта фўку димоғ накунанд. Ҳа-а, он гоҳ Ниёз дилашро холӣ мекунад, агар ҳамин хел гўянд, Ниёз маддаи дилашро мекафонад: Кӣ исбот карда метавонад, ки кофир киву нокофир кӣ? Кофириву нокофириро чӣ тавр фарқ кардан мумкин? Магар дар пешонаи онҳо навишта шудааст? Ё дар пешонаи мо навишта шудааст, ки кори аз дастамон меомадагиро карда наметавонем?
Ё аз дастамон танҳо некӣ меояд? Он гоҳ дурўғ мебуд, агар ҳамин хел менавиштанд, дурўғ мешуд... А, бобо! Инро ба шумо кӣ гуфт?
Магар русе, ки ба кас некӣ мекунад, мусулмон нест? Магар мусулмоне, ки бадӣ мекунад, кофир нест? А, бобо! Ё дар ин вақтҳо фарқ нест? Ё дар чунин мавридҳо кас кар мешавад, кўр мешавад, лол мегардад? А, бобо! А, бобо!?...
«Ё ту ҳам Намозу Фаёз шуданӣ ҳастӣ?!» садо омад аз ҳавлии тарафи рост. Ниёз ин суханро шунид ва гўё аспи ў не, худи ў хаёле бозистод ва барои он ки ин ҳарф такрор нашавад, бори дигар гўшаш садо надиҳад, аспро ҷилав зад. Аспи ў ҳамлаи аз аспҳои дигар гузаштан кард ва ў ба худ омада инони онро бозкашид.
«Ту бо каланд нею бо табар зада куш!.. Агар қонуни бародарӣ ҳамин бошад, зада куш! Куш! Баъд ман ба худои меҳрубонат арз кунам, ки то ҳамин хел намоиш додана, аз ҳар насл як писар биофар!..»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо