Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Вале Ниёз дигар ба чунин ҳарфҳо гўш надода, аз куҷо маънии ин ҳарфҳо ба гўши Александрин даромад, ки «Бародарон ҷанг мекунанд?» гуфта пурсид.
— Ҳамин хел барин, лекин суханашонро намешунавам, ки чӣ мегўянд, – худро ба нодонӣ зад, Ниёз...
...Табақаҳои дарвозаи бағдодии асалранг ба ду паҳлў кушода шуданд ва зери дарвозахонаи обзадаву рўфта пири нуроние меистод; ду даст пеши бар, андаке сараш хам буд, ки риши сафедаш дар сари дилаш қат гашта. Александрин ба ин ҳайкали зинда бадиққат нигарист, то ба хотир гирад. Мўйсафеди нуронӣ чунон ки намоз мегузорида бошад, сарашро андаке ба пушт майл дод ва боз хам кард. Ниёз намефаҳмид, ки ў барои чӣ чунин мекунад.
Пирамард тамоман дигар шудааст; як тори мўяш ҳам сиёҳ не, тамоман ордранг гаштааст. Александрин тааҷҷуб мекунад; ба Ниёз менигарад, ба бобо менигарад: «Аппарати суратгирӣ овардан лозим будааст.» Ба бобои пир чӣ шуда бошад, ки ин қадар гўё ки савораи аспи разм бошад ва сари зин намоз мегузорида бошад, сар хам мекунаду рост, аммо рўяш на ба қибла, балки ба офтоббарост. Ин маъниро Аёз мефаҳмад, Мирзобадали домодаш мефаҳмад, вале Ниёзи ҷавон аз ин чиз маънӣ кашида наметавонад.
Аспи Александрин по мезанад, соҳибаш лаҷоми онро сахт кашида, ғарқи тамошост. Руи бомҳои ҳамсояҳо ва сари деворҳои наздик пури бачча, тамошо мекунанд, вале онҳо ҳам намефаҳманд, ки чӣ ҳодиса ҳаст. Шояд баъзеҳо Ниёзро шиносанд, вале кўдакони хурдсол намедонанд, ки савораи ҷавон чаро ба савораи шапкабасар тақлид карда либос пўшидааст. На танҳо калонсолон, кўдаконе, ки ин ҳолро мебинанд, ба мўйсафед ба чашми дигар менигаранд; магар ў дар ин синну сол ақлашро хўрдааст, ки дами дарвозааш намоиши кофиронро ташкил кардааст.
Мўйсафед бори дигар сарашро ончунон пасу пеш бурд, ки вақти «оллоҳу акбар!» гуфтани намозаш мекард.
Александрин ба Аёз нигарист: «Сад афсўс, ки аппарат наовардам».
Аёз гўё ки даҳон кушояд ба ин хомўшӣ халал мерасонида бошад ва ё ҳарфашро ин марди рус намефаҳмида бошад, ба ишораи сару чашм аз асп фурў шудани ўро талаб кард. Александрин аз асп фаромад. Дигарон низ. Пирамарди сафедмўй, ки дар ин обрав нашудагӣ корро мекард, чашм боз карда онҳоро дидагӣ барин сурфид. Аз паҳлўи чап касе пайдо шуд, ки дар дўш гўсфандеро бардошта омад ва долсурат гашта гўсфандро аз болои гарданаш ба замин гузошт ва барои он ки барнахезад, бо зонуи рост гардани онро пахш кард. Аз миён ресмонеро бароварда, ду даст ва пои чапи гўсфандро ҷамъ оварда куллук кард ва ба паҳлўи чап даст бурда, корд аз ғилоф кашид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо