Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Александрин ба Ниёз нигаристу ба Аёз ва ҳама ки хомўш буданд, ў низ гап занад, гуноҳ мешуда бошад, хомўш монд... Пирамард ҳамон зайл меистод...
...Ниёз қассобро шинохт: «Наход, ки касби ў хунрезӣ бошад?»
аз дил гузаронд ў, аммо ҷуръат намекард, ки садо бароварда амали ўро боздорад. Ў низ гумон мекард, ки як маъракаи шарифи пурфайзест, ки мамониат кардан бар зарари худи кас аст. Ниёз намехост, ба ростӣ, ки намехост ин марди «хунхор» мўи гардани шир барин сафеди гўсфандро сурх гардонад. «Бисмилло-Халилулло-оллоҳу акбар!» садо баровард Намоз аввалин қурбонии оламро, ки ба номи худо бояд мешуду худо дасти Иброҳим Халилуллоҳро боздошта, писари ў – Исмоилро нахустин қурбонӣ ҳисобида буд, ба ёд овард... Хун на танҳо гардани гўсфандро сурх кард, балки фаввора зада аз остонаи дарвоза берун парид ва то либоси онҳо рафт, ки эшон худро пас кашиданд. «Барои Александрин!» аз дил гузаронд Ниёз, лекин дар дил аҳд кард, ки аз гўшти ин ҷонвар нахўрад... Гўсфанд хир-хир кард ва хун дар рагаш ҷўшид ва шиддаташ паст гашта бар қадди пашми гарданаш таровида ба замин мерехт. Чашмонаш кушода, гўшҳояш чур ва забонаш газида буданд – дароз мехобид. Пои кушодааш ҳам аз ҳаракат монда буд.
Намоз магзӣ зад. Гўсфанд як пуршаст ларзид, пои кушодааш ба замин расида ҷониби меҳмонон хок андохт... Намоз хуни кордро ба пашми гўсфанд пок карда, болои гўсфанди кушта гузошт, пои бастаи онро кушод. Ва ҷониби падараш, ки ҳоло ҳам ҳайкалсурат меистод, нигарист. Пирамард, магар маросими хомўшӣ ба охир расид, ки дастони пеши бар доштаашро кушод ва қадам пеш андохт.
Аввал бо Александрин вохўрӣ кард. Ниёз инро аломати нек донист.
Сонӣ ў оғўш калон кушода ҷониби Ниёз омад. Ниёз ҳис кард, ки пирамард ўро дар оғўш кашида, навозишкорона тахтапушти ўро кафмол карда, мегиряд. Вале ин чиз, меҳрубонона бошад ҳам, ба ў нафорид... Инаш майлаш лекин барои чӣ Намоз ҳам айнан мисли падараш ҳамин корро мекунад? Ў низ мегиряд... Ғашовар! Чунон ғашовар, ки Ниёз намедонад, чӣ зайл ўро аз оғўшаш дур андозад.
Чунин рафтори Намоз дар ҳеҷ китоб намеғунҷад. Махсусан дар дили Ниёз. Пирамард ҳоло ҳам гиря мекунад, ба гўшаи дастораш ашкашро пок мекунад. Лабонаш мепаранд; мазмун: «марҳамат»
гуфтан мехоҳад, аммо буғзи гулўяш намегузорад, ки сухан кунад.
Вале Намоз тавонист, ки ҳамин корро иҷро бикунад: «марҳамат ба хона!» гўё аз фурсат истифода бурда гуфт ў ва дар овози ў низ як навъ ларзише мушоҳида карда мешуд, аммо Ниёз ҳайрон, ки дар дили чунин кас чӣ хел метавонад ҳиссу шафқате бошад.
«Марҳамат!» боз хоҳиш кард Намоз, лекин намефаҳмид, ки чӣ зайл ҳайрати Ниёзро меафзояд: «Чаро Намоз ба даргоҳи ў ҳукмравоӣ мекунад? Наход, ки ба бобо маҳз ҳамин хел одамон маъқул бошанд? Бадтарин писар, ҷаллод, хунхор (аз назари Ниёз), лекин Аёз бетараф; меҳмон барин, ақаллан наметавонад, ки меҳмонони овардаашро пеш хонад.

пешина
аз 279
навбатӣ