Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Омин! Қадам расид, бало нарасад! – дар пойгаҳи хона нишаста садо баровард пирамард, даст ба руй кашид ва боз дастон ба пеши бар оварда одоб кард: – Хуш омаданд!
Александрин, ки ба чунин одатҳои тоҷикӣ борҳо дучор омада буд, чандон ба ҳаракатҳои онҳо эътибор надода, бештар ба чўбкорӣ будану қабзафурўмонии хона менигарист ва чизеро аз дигар дидаҳояш фарқ кардан мехост:
— Бобо, ин тахтаҳоро аз Русия овардед?
— Не, писарам, сафедорҳои боғи Ҳуснобод, – равшан ҷавоб дод бобо ва боз интизор шуд, ки ягон чизи дигар мепурсад, аммо меҳмон ба Ниёз рў оварда сар ҷунбонд. Вале чӣ муаммое бошад, ки бобо вақти оғўш кардани Ниёз он қадар гиря карда, то хона даромадан ҳиқичоқ гирифту ҳоло ягон даҳан аз Ниёз намепурсад, ки аҳволаш чӣ хел аст: – Хуш омадед, хуш омадед! Нури дида, тоҷи сар! – гуфта берун баромад. Аёзу Мирзобадал низ баромаданд...
— Бобон худат? – хонаро холӣ дида пурсид Александрин.
— Хамин хел барин, – табассум карда гуфт Ниёз.
— Туро писари кадом бой мегўянд-ку?
— Магар инҳо бой нестанд? – шўхиомез пурсид Ниёз.
— Бой барин, – гуфт Александрин ва андаке истода илова кард:
– Аз бой дида ба одами худотарс бештар монанд.
— Чӣ хел? – ҳайрон шуда пурсид Ниёз.
— Нуронӣ, имон дорад... Ман аз истодаш донистам, ки имон дорад.
— Шояд, – гуфт Ниёз ва солҳои пешинро ёд оварда ранги рўяш андаке канд. Ҳамон солҳоеро ки мурдани Ниёз яқин буд, вале касе ҳимоят намекард. Ҳоло Ниёз аз он касоне, ки он солҳо некие ба хотираш боқӣ гузошта бошад, Сабзинаро ёд мекунад; Сабзинаро, Сабзинаро, Сабзинаро...
«Оҳ Намози шум, чӣ хел рўят шуд, ки маро ба оғўш кашида гиристӣ? Барои чӣ? Барои бародарат? Ё барои ранҷҳои кашидаи ман? Худат ҳам намедонӣ... Шояд барои пушаймониат бошад?
Инашро ҳам намедонӣ, медонам, ки ҳеҷ гоҳ барои ман намегирйӣ, мегиристӣ, барои мурдаи бародарат Фаёз мегиристӣ...»
Садои ба равғани тафсон андохтани гўшт баромад, сонӣ бўяш омад.
... Фарози қабристон. Одатан гўристонро дар баландиҳо месозанд, ки мурда таги по нашавад. Худи ў дар зиндагиаш чӣ хел буд, фарқ надорад, лекин мурдааш бояд дар баландӣ бошад; ҳама
– баробар, дар баландӣ бошанд. Ниёз ҳамроҳи Александрин, бобои пираш ва дигарон фарозро баромада ҳис мекунанд, кн гўристон хеле баланд аст. Қабристон рафтаи хоҳиши Ниёз аст, гумон накарда буд, ки Александрин низ сари гўри падару модари ў меравад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо