Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Инаш ҳамроҳӣ, лекин ба Намоз чӣ лозим, ки ҳамроҳи ў равад?
Ниёз ба бобои пираш мадад мекунам, гуфта, ба вай нигарист ва як назар Намозро дид, ки чӣ рангу рўе дорад. Вай сархам мерафт.
Шояд дар сар андешаи он рўзро дошт ва фикр мекард, ки Ниёз гуноҳи ўро бахшида метавониста бошад. Вале Ниёз намедонад, ки ба ҳамаи он кирдорҳо кӣ айбдор буд; шояд айби тақдир бошад?
Инро худи ў андеша накунад, касе намедонад, лекин сархамиаш чӣ маънӣ дошта бошад? Шояд пеши пояшро дида дурусттар қадам гузорад? Шояд тавба кунад?.. Ниёз ҳеҷ чиз намефаҳмад. Гумонаш
– бобои пир аз ин фарози якрост, ки гунаҳгору бегуноҳро баробар мебардорад, баромада натавониста, азоб мекашад, вале гумонаш хато баромад: пирамард асояшро ба замин муттако карда, бо қувваи даст вазнашро боло мекашид ва пойҳояш сабук мерафтанд.
Аммо писари хомфарбеҳи ў Намоз дам кардагӣ барин вазни худро базўр мекашид. Аз сару гарданаш арақ мешорид. Даҳон кушода нарас мегирифт. Ниёз хост ба бобои пираш не, балки ба амакаш
– Намоз мадад кунад, аммо қадами рост рафтааш паҳлў нагашт. Ў гумон дошт, ки Намоз аз хомфарбехӣ ин қадар арақ кард, фарози қабристон зўр омад, вале таги дили ўро касе намедонист, пай намебурд, ки ў дар ин лаҳза чӣ қадар метарсад, чӣ қадар ваҳм дорад; мабод ки дар рўи гўристон, миёни гўрҳои наву кўҳна, байни гўрҳои фурўрафта бо ў коре шавад. Вай хаёл мекард, ки худ аз худ ягон гўр фурў меравад ва ў бо ду пой фурў мемонад. Ўро касе ба гўр намегузорад. балки худаш ба ду по фурў меравад... Ё мешавад, ки Фаёзи раҳматӣ аз сўрохии гўр даст бароварда аз пояш дошта мекашад, то дигарон хабар меёбанд, кн зери хок мемонад. Ё худо ҷонашро мегираду миёни ҳамин гўрҳо меафтаду мемирад... Дили ў бозӣ мекунад: тапида-тапида то гулўяш меояд, вале Намоз даҳон намекушояд, то он барояд; вай базўр нафас мегирад, вале лаб во намекунад. Ҳангоми сахт нафас кашидан парраҳои биниаш ба ҳам часпида, намегузоранд, ки ҳаво дарояд...
Ниёз як баргашта нигарист, ки Намоз нишастааст: «Ба он кас чӣ шуд?» – хомўширо шикаста пурсид аз бобо. «Дар умраш кори сиёҳ накарда бошад, – ғурунгид бобо, – гумон дорад, ки бойбачча аст». Ин сухан ба Ниёз хуш наомад. Медонад, ки ҳар коре шуда бошад, аз дасти худи ў шудааст, ҳар навъе, ки гашта бошад, бобо медонад, акнун норозиёна мегуяд, ки дар умраш кори сиёҳ накарда бошад. «Мадад кунам»? савол кард аз худ, қадам боздошт.
— Ту ҳам монда шудӣ? – пурсид бобо.
— Не-е...
— Аз ин ҷо танҳо бегуноҳон озод мебароянд...
— Магар амаки Намоз гуноҳ доранд? – худро ба подонӣ зада пурсид ў.
Бобо ҷавоб надод. Ў низ худро ба нодонӣ зада асо ба замин сахттар тира кард, ки вазнашро кашад. Ниёз баргашт. Назди Намоз омада «Чӣ шуд, амак?»

пешина
аз 279
навбатӣ