Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

гўён пурсид. Вале пай набурд, ки чӣ хел мўи сари Намоз мисли тоҷи шонасарак фаххида рост шуд.
Ин ҳолату ҳаяҷонро ба ҷуз Намоз касе дарк карда наметавонист.
Ў бархост; барои амак гуфтани Ниёз бархост ва ўро оғўш карда, гирист. «Ман гумон накарда будам, ки гуноҳи маро мебахшӣ...»
дар гўши ў гуфт Намоз ва Ниёзи зирак пай бурд, ки ў дар чунин лаҳза ҳам найранг мекунад.
— Шумо дар назди ман чӣ гуноҳ доред, ки бахшам? – қасдан пурсид Ниёз.
— Худат медонӣ...
Ниёз ба бобо нигарист. Онҳо парво накарда мерафтанд, вале «Беақл ту, Ниёз» гуфта таъна кардани Аёзро касе нашунид.
— Маро бубахш, додарзодем! – мастҳо барин такрор кард ў ва боз худро дар гардани Ниёз андохт.
— Шумо ҳамун гўсфандро беҳуда куштед, гуноҳатон аз ҳамон ҷо зиёд шуд, – қасдан гуфт Ниёз.
Намоз гардани Ниёзро раҳо кард. Ба ў нигарист; ба чашмонаш нигарист. Пай бурд, ки Ниёз кадом гуноҳро дар назар дорад.
Ниёз низ чашм аз чашми ў намеканд. Намоз сар ҷунбонд: «Не, ту гуноҳи маро бахшила наметавонӣ.»
— Рафтем! – ин дафъа ба амак гуфтан забонаш нагашт.
— Не, – сар ҷунбонд Намоз. – Ту рафтан гир... Ман ин фарозро баромада наметавонам... Ту намедонӣ, ки ин чӣ хел фароз аст...
— Медонам...
— Аз куҷо медонӣ?
— Бобом гуфтанд...
Намоз хомўш монд. Боз сар хам кард. Андеша дошт...
— Гардед, шумо аллакай бегуноҳ шудед...
Як қад парида сар боло кард Намоз:
— Ту, бачча, ин гапҳоро аз куҷо медонӣ?
— Медонам... Касе, ки гуноҳашро ба гардан мегирад, ў бегуноҳ аст, – худро одами калон ҳисобида гуфт Ниёз.
— Не...– Ў боз сар хам кард ва ҳамон зайл ба Ниёз маслиҳат дод: – Ту рав, ман рафта наметавонам.
— Парво накунед, гунаҳгору бегуноҳ оқибат ҳамон ҷо меравем,
– ниҳоят кафид Ниёз, вале Намоз аз ин ҳарфи ў на қадам пеш андохт, балки нишаст. Вай гумон кард, ки Ниёз бо ҳамин сухан ҳама чизро гуфт ва қасосашро гирифт... Ниёз ҳамроҳи ў нишаста натавонист. Бирафт. Фарозро на танҳо тез, балки тозон баромад, ки ҳам онҳоро дарёбад ва ҳам фаромўш кунад, ки амак дошт ва миёни эшон чӣ ҳарфҳое шуд.
— Оварда натавонистӣ? – мароқ зоҳир кард бобо.
— Оварда натавонистам...
— Ба кадом рў ҳам меояд, – гўё бобо дар бораи писараш не, балки дар бораи кадом каси бегона ва ё душмани ҷонаш ҳарф мезад.

пешина
аз 279
навбатӣ