Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Ниёз ин ҳарфи боборо пай бурд, вале натавонист, ки «худатон чӣ?» гўяд, натавонист бигўяд, ки «он вақт худатон куҷо будед?
Чаро он вақт дами каланди писаратонро гирифта натавонистед?
Чаро дар хоби ғафлат монда будед? Чаро мани сарлучу побараҳнаро аз оворагиҳо бознадоштед?» Ва саволҳои зиёде...
Онҳо миёни қабрҳоро мегузаштанд. Пайроҳаҳое буданд миёни гўрҳо. Ниёз ҳайрон буд, ки ин қадар кӣ ба ин ҷо омадааст, ки миёни гўрҳо пайроҳаи равшанест? Магар ба ягон кас қабри падару модари ў лозим будааст? «Шумо ҳар вақт меоед, бобо?»
савол кард Ниёз, вале ҷавоб нагирифт, фақат пай бурд, ки андаке пои рафти бобо суст шуд ва боз худро дошта, саволи набераро нашунида ангошта пой партофт...
«Шояд бобом набошад... Не, ҳеҷ мумкин не, ки Сабзина...»
— Ё оллоҳ!» – садо баровард бобо ва ҳар андешае, ки дар сари Ниёзу дигарон буд, пароканда кард. Маълум, ки бобо низ то ин вақт банди андешаҳо будааст. Ў дар сари гўрҳо қарор гирифт.
Баъд нишаста андаке нафасашро рост кард ва ба қироати оят гузашт. Ниёз ба гўрҳои ҳамворгашта менигарист. Ду гўр хокашон тит шуда, ба сўи ҳамдигар омадаанд, ҳамчунон ки ягон кас махсус омада ин корро карда бошад. Паи чангол не, паи каланд не, худи хок лағжида омадааст. Ў гумон мекунад, ки падару модараш гўрҳояшонро сўрох карда якҷоя хобидаанд ва барон ҳамин хоки гўрашон чунин шудааст...
«Омин!» садо кард бобо ва даст ба дуо бардошт, дигарон низ, ҳатто Александрин, ки ба ин хел корҳо ва оини мардуми тоҷик омўхта шудааст, дасти дуо бардошт.
Бобо баъди даст ба дуо бардоштану дуо кардан фўтаи миёнашро суст кард ва нафаси дароз баровард, ки мондагиву хастагиаш рафъ шуда бошад. Вай ба марди «кофир» нигарист ва мушоҳида кард, ки дар сари гўр қиёфаи ин мард чигуна мешавад. Қиёфаи ў низ марди аламзадаро мемонд. Сонӣ ба Ниёз нигарист, шояд ба он маънӣ бошад, ки ў гиря мекунад ё не. Қиёфаи ў ба қиёфаи марде мемонд, ки шаст-ҳафтод сол умр дида, шикасту рехт, пастиву баланди рўзгорро санҷида ва талхиву шириниашро чашида бошал.
Бояд Ниёз мегирист, вале ў мутафаккир барин метобал ва ҳоло ба андеша фурў рафтааст. Бобо чунин ҳолати ўро дида, мехоҳад бидонад, ки Ниёз дар чӣ хусус фикр мекунад. Вале Ниёз ба ҳеҷ ваҷҳ бозхости дилашро ба касе намегўяд, алалхусус ба бобо ва хешовандони дигараш. фақат баъзе чизҳоро ба Сабзина гуфтанаш мумкин. Барои ҳамин ў дар назди ин касон гиря намекунад; зеро мардум мегуфтанд, ки Ниёз аз Некон то Ғузор гирякунон бирафт ва дигар набояд гўянд, ки Ниёз мегиряд.
Ниёз ба ҳамаи қабрҳо менигарад ва фарқе миёни онҳо намебинад, фақат баъзе гўрҳо санги сиёҳ доранд ва катиба, дигар ҳама якранг; фарқашон дар навию кўҳнагиашон: яке нави серхок, дигаре кўҳнаи хам ё фурўрафта.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо