Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Як назар чашми Ниёз афтид, ки аз канори қабристон ду сар боло шуд ва ҳамон лаҳза хам хўрд. Ниёз дергох ба он ҷо дида дўхт, ки шояд он чизро бинад, вале такрор нашуд. Гумон кард, ки ба чашмаш намудааст. Ками дигар сабр кард, ки агар боз бинад, ба бобо мегўяд, аммо сиёҳии сар дигар нанамуд. Ва ў гумон кард, ки кори Намоз аст ва шояд сиёҳӣ ба чашми ў дуто намуда бошад. Фикр карда-фикр карда ёфт, ки баччаҳои деҳа ба сари гўр омадани «кофирон»-ро тамошо мекунанд.
Аёзҳам, Мирзобадал ҳам ба бобо нигаристанд, ки омин кунанду бираванд, аммо бобо тамоми гуноҳи содиркардаашро сари гўристон рехта, пасон рафтанӣ буд, ки аз ҷой намеҷунбид. Александрин сари ду пой нишаста буд, пойҳояш дард карданд, ки бархост. Ва бобо пай бурд, ки вақти рафтан шудааст...
Ниёз то ин вақт қиёфаи модари ширинаш ва тарҳи сурати падари бегуноҳу фақирашро ёд меовард ва андеша мекард, ки одамӣ барои чӣ ба дунё меояд? «Чӣ лозим, ки якеро масхарабоз бисозй, дигареро тамошобин? Агар бисозӣ, дурусттар бисоз...
Мисле ки падару модари маро овораи олам сохтӣ, дар ғарибиҳо куштӣ, лозим не...»
Гўристони ба назар се тарафаш рост табар зада бурида ва як тарафаш ба кўҳ часпида, он қадар ором ва хомўш, ки гўё дар олам халалгоре вуҷуд надошта бошад, ҳатто нойгузории онҳо ба ин хомўшӣ халал дода наметавонад. Вале дар тани Ниёз як нооромие пайдо шуд: вай гумон карда буд, ки ин ҷо омада падару модарашро мебинад ва ё аз ягон гўша онҳо ба чашмаш менамоянду ғайб мезананд. Ин хел нашуд. Хаёле симои онҳоро пеши назар оварда тавонист ва хаёле чеҳраи онҳоро аён бидид; акнун паси сараш чашм доштагӣ барин мебинад, ки онҳо аз пасаш меоянд, дилкашол меоянд. Вай мебинад: ҳамчунон падари фақираш рўҳафтода, ҳамчунон модари ширинаш зебо... Вай тоқат карда натавониста якбора ба пас нигарист ва мўи сараш сих шуд. Дар танаш мурғак давид, як ҳиссиёти сард таги пўсташ паҳн шуд, хунук хўрд. Мисли мурғи аз об баромада тан афшонд. Вале ба касе чизе гуфта натавонист. Намедонист чӣ кор бикунад. Афсун шудагӣ барин; падару модараш аз ин ҷо рафтани ўро намехостагӣ барин... «Ҳой!» фарёд кард дилаш. Ба гумонаш касе аз каноре дод зада бошад, ба худ омад, ҳушёр шуд, пай бурд, ки фиреб мехўрад; як ҳисси мағшуше ўро азоб медиҳад, масхара мекунад, дилу гурда ва ғайрати ўро месанҷад: эҳтиёт бояд шуд... Ин дафъа ў танашро дониста афшонд, ба худ омад, як дуои аз раҳматии модараш ёд гирифтаро зер лаб хонда, оҳиста «суф!» гуфт ва аз паи онҳо бирафт. «Беҳуда намегуфтаанд, ки кўдакро пеш андохта биравед...»

пешина
аз 279
навбатӣ