Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

...Ду ҷавон аз ду ҷониби Намоз нишаста, беморро сари дил медоштагӣ барин яке ба китфи чапу дигаре ба китфи рост такя медоданд. Ниёз он ду нафарро назди Намози фаҳўл дида, яқин кард, ки чашмаш фиребаш надодааст... лекин назаре, ки бо падару модараш шуд, чӣ маънӣ дошта бошад? Наход ки он ҳам рост буд?
Ниёз бори дигар баргашта ба пас нигарист, аммо касеро надид; боз баданаш вараҷа кард.
Аз бозгашти онҳо бохабар шуда, ду ҷавон ба пешвоз омаданд. Ниёз аввал эътибор надод, вақте ки онҳо оғўш кушода, ўро сахт-сахт ба банди дилашон пахш карда «ҷўраҷони азизам» гуфта вохўрӣ карданд, шинохт – Ёқубу Раҷабро шинохт. Ёқубу Раҷаб бо дигарон низ вохўрдӣ карданд ва аз ду паҳлўи Ниёз гузашта то хона сўҳбаткунон рафтанд.
...«Очаат мурад дар қаду бастат!» садо омад аз болохона ва Ниёзи ба ҳар чиз, ҳарф, садо ва хитобаҳое эътибор намедода филфавр баргашта ҷолиби овоз нигарист ва дид, ки як занаки сияҳпўш аз зинаи болохона фурў меояд. Ҳайрон монд, ки очаи ў кӣ бошад ва киро чунин навозиш мекунад. «Очаат мурад!» аз зина фаромада боз овоз кард ў ва оғўш кушода пеш омад, ҷониби Ниёз омад ва акнун ў шинохт, ки ин зани хушгапу хушовоз кист... Сабзина аз касе намегурехт; аз Александрин ва ҳатто аз Намози барои ў хеле баттол ҳам. Ҳама хайрон буданд: шояд дили ў ва ҳиссиёти ўро ба ҷуз худаш касе пай набарад, ҳатто то алвақт касе – нависандае, рассоме тасвир карда натавонистааст, ки вақте модар сари қабри фарзанд меравад, чӣ ҳолат мегирад, аз дили ў чӣ мегузарад; то ҳол касе таҳқиқу тадқиқ накардааст, ки меҳри модар чӣ қудрат, чӣ бузургӣ, чӣ матонат ва чӣ улуҳият дорад ва чӣ тавоноии худоёна... Ҳо, ҳайрон буданд, ки ин зани фарзанд надида, ки ба гуфтаи баъзеҳо қадри фарзандро намедонад, чаро ба як ҷавони бегона ин зайл ҳарф мезанад ва оғўш кушода меояд. «Очаи бекўдакат мурад!» гўё ки дили касони дар ин боб фикр кардаро пай бурда.
бошад, чунин гуфта, пеш омад. Пеш омад ва сари Ниёзи қадкашидаро андаке ба пас хам карда, аз пешонаи ў бўсид, оғўш кард ва сар ба сари китфи баланди ў гузошт. Ниёз низ сар ба китфи Сабзина гузошт ва чизе ба гўши ў гуфт, ки Сабзина бори дигар пешонаи ўро бўсид ва гарданашро раҳо карда, ба замин нишаст; мисли каси бемадор, монанди модари гумкардаашро ёфта аз ҳуш рафта ба замин нишаст; Ниёз нагузошт, ки ў ба замин нишинад:
аз бозуи чапи Сабзина гирифта бардошт: «Оча, ман меҳмонро ба хона дарорам, сонӣ сўҳбат мекунем...»
Сабзина аз ин сухани Ниёз ҷон гирифт ва боло нигариста «Очат мурад» гуфт ва бархост.
Александрин ҳайрон буд, ки чаро Ниёз ба ў дурўғ гуфтааст?
Модарам мурдагӣ гуфта буд, маълум мешавад, ки модараш зинда; ман писари бойи Панҷакат, гуфта буд, маълум мешавад, ки падараш мурда будааст.

пешина
аз 279
навбатӣ