Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тамоман як ҷавони дурўғгў...
— Меҳмонро дарор, ман ҳамин ҷо меистам, писарам, – оҳиста садо дод Сабзина ва Ниёз ашки дар чашмонаш ҳалқа задаро фурў нишонда, сўи меҳмон табассум кард, то дарояд; табассуми ҷонбаромад кард, то меҳмон малул нашавад, лекин фикри Александрин дигар аст: вай бояд фаҳмад, ки чаро Ниёз дурўғ мегўяд.
Магар дар оянда низ бо чунин дурўғҳояш зиндагӣ карданист? Ё ягон андешаи дигар дорад?
— Узр мепурсам, каме бо модарам сўҳбат кунам...
— Ниёз!...– садо кард Александрин, то донад, ки ў чӣ гуна модар аст, худдорӣ кард.– Хайр, бирав, баъд...
Сабзинаи сиёҳпўш мунтазири Ниёз буд, ки мебарояд, сўҳбат мекунанд. Дар миёни ҳавлӣ рост истодани Сабзинаро касе монеъ нашуд, ҳатто шавҳараш Аёз. Вай ҳама андешаҳои пешинро бори дигар ёд овард, қисматҳоро аз пеши назар гузаронд ва шод гашт, ки худо оҳашро шунида Ниёзро бозовард...
Ниёз баромад.
— Ман ба ту гуфта будам, ки нарав, маро партофта, рафтӣ.
Овора шудӣ, саргардон шудӣ, – чашмонаш ба рўи Ниёз зор-зор нигариста гуфт Сабзина.
— Не, оча, саргардон нашудаам...
— Дар забони очагўят очат мурад...
— Чӣ аҳвол дорӣ, оча?
— Хуб, бисёр хуб, ту омадӣ, хубтар мешавад, – дар хоб сўҳбат мекардагӣ барин мегуфт ў.
— Чаро сиёҳ пўшидаи?
— Ту омадӣ, мепартоям...
— Магар барои ман сиёҳ пўшида будӣ?
— Не, баччаҷонам.. Ин... сиёҳ, ки вақти ин ҷо буданат пўшида будам.
Ниёз ба хаёл рафт. Чаро вакти ин ҷо будани ў? Барои падараш як сол пўшида, сонӣ сиёҳашро партофта буд, вале барои модараш ёд надорад, ки Сабзина муддат сиёҳ пўшида буд. Вай ҳоло намегўяд, лекин барои рафтани Ниёз сиёҳ пўшида буд ё не, иқрор намекунад. «Ман мурда будам, аз ёдҳо рафта будам, боз маро кӣ пайдо кард, намедонам» аз дил гузаронд ва ҳамин чизро аз Сабзина пурсид:
— Оча, хабари маро кӣ овард, ки боз маро ёфтед?
— Магар офтобро ба домон пўшида мешавад? Хабари падаратро аз худи Қошғар оварданд, Самарқанду Бухоро чӣ роҳ аст?
— Ман дар Самарқанду Бухоро набудам, оча...
— Ҳамон тараф, ки рафтӣ, Самарқанду Бухоро гўянд, ҳамин рўдаки мо то куҷое ки равад.

пешина
аз 279
навбатӣ