Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Рўдаки мо то Бухоро меравад, оча, лекин аз Бухоро он тараф мулкҳое ҳаст, ки...
— Ман надонам, баччаҷонам... Ту тамоман омадӣ?
— Ҳоло муваққатан...
— Маро оча донӣ, тамоман биё... – Ниёз сар ҷунбонд...
Назди дарҳо, зинаҳо занону кўдакон, духтаракон истода муносибати онҳоро медиданд ва ҳайрон буданд, ки онҳо чӣ мегуфта бошанд, онҳо ба сўҳбати модару писар халал расонида натавонистанд, вале аз дарвоза хастаю кутканда ворид шудани Намоз сўҳбати онҳоро қатъ кард...
...Давоми сўҳбат дар меҳмонхона гузашт. Александрин, ки то алвақт худ ба худ савол карда ҷавоб ёфта наметавонист, баробари аз дар вуруд омадани Ниёз ба забони русӣ пурсид:
— Ун зан кӣ аст, Ниёз?
— Модарам.
— Модарам мурдагӣ гуфта будӣ-ку?
— Барои он ки ба ин чиз бовар кунед, саргузаштамро аз сар бояд такрор кунам, дар роҳ мегўям...
— Майлат, Ниёз, майлат...
Бо ҳамин сўҳбат вогузошта шуд ва Александрин ба болорҳои қабза фурў гирифта, лўлавассаҳо ва тахмони зебои пешгоҳи хона нигарист ва амали устоҳои хушдастро писандида, гўё худро аз ин олам ба олами афсонаҳо, хаёлҳо ва орзуҳо супурд. Вай гумон кард, ки рўзе мерасад, ки ў низ аз ин устоҳои гулдаст истифода бурда дар шаҳри худ чунин биное месозад, то ҳамаро ба ҳайрат гузорад. Вале хитобаи бобо хаёли ўро бипароканд:
— Искандари мўҳтарам! Мо шуморо роҳбар ва бародари калону гарони Мирзониёз гуфта, ба маслиҳат овардематон. Шумо марди дунёдида, ба пастию баландиҳо сарфаҳм меравед, албатта бемақсад ҷогаҳи гарматонро хунук карда ба ин ҷо наомадаед...
Муроду мақсаде доред. Ҳамин тавр не?
— Ҳамин тавр.
— Ҳамин тавр ки бошад, ба мо ёрӣ расонед... Албатта ман мефаҳмам, ки Мирзониёзи мо барои шумо каси даркорӣ, лекин агар шумо гўед, ки мулк обод шаваду мардум осуда бошанд ва кўҳистони мо ин қадар ноором набошад, Мирзониёзро ҷавоб медиҳед, ки омада дар мулки худаш сарварӣ кунад...
— Яъне, кон кушояд?
— Не, Искандари мўҳтарам, волости Киштўд роҳбар надорад.
Як барлосро аз куҷо ёфта мондаанд, ки ҳамаро ғорат кард. Дунёӣ ғун кардан мехоҳад ва гумонаш, ки дар ин олам сутун мешуда бошад. Дар девлохи мардум мол намонд, дар хаммаи мардум ғалла намонд, дар ҳезумхонаи мардум ҳезум намонд. Ҳеҷ кас намефаҳмад, ки ў чӣ мурод дорад. Мардум ба хулосае омадаанд, ки андозу ҷаримаи кўҳбонҳо барои чандин сол мерасад. Ёд надорам, ки халқ то ин дараҷа афтода шуда бошад...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо