Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Дилу рўҳи халқро бардоштан лозим.
— Ин чизи бодовар... даргузар: ин ҳолатро аз тарафҳои Русия бод овард...
— Ҳм, Ҳукумати Русия... Аз рўи шунидам, бояд, ки ин ҳукумат ба халқ сабукӣ орад, аммо халқҳо шиканҷа мекашанд... Худатон фикр бикунед, ки халқ аз куҷо пул ёфта андозу ҷарима диҳад?
— Пас Мирзониёз наояд? – пурсид Александрин.
— Ихтиёри Мирзониёз ба худаш аст... лекин наомада ҳам наметавонад. Замона дигар мешавад, волие лозим, ки ба забони шумоён ҳарф зада тавонад.
— Волии дигарро чӣ кор мекунед? Барлос гуфтед-а?.. Ману шумо ўро афканда, Мирзониёзро ба ҷояш шинонда наметавонем-ку!?
— Метавонем, мову шумо якдил шавем, метавонем. Мову шумо пешниҳод мекунем, халқ тарафдор мешавад... ва боз як кори дигар ҳаст, ки ман онро намехоҳам... Ришва додан рост меояд.
— Ришва ба кӣ? – гўё аз нодонӣ дар ҳайрат афтод Александрин.
— Надонам... ба губернатор мегўянд.
— Дурўғ, бовар накунед.
— Ман бовар намекунам, лекин ҳамин хел шуд... Волии ҳозира ба ҳамин роҳ мансаб гирифт.
Александрин ба андеша рафт, дигарон низ, вале ў чӣ хулосае мебаровард, ки дам ба дам «ҳуҳ» гуфта сар меҷунбонд: «ҳуҳ, аҷаб...
ўро барои ин кор ба ин кишвар нафиристодагистанд».
— Ҳеҷ касро барои ин кор намефиристанд, Искандари азиз, аммо ҷараён ўро мисли селовард ба канор тела медиҳад. Дар аввали кор ҳама сўфй...
— Чӣ хел сўфӣ? – маънии ин суханро нафаҳмида пурсид ў.
— Яъне, пок, соф... ва ҳамин ки дар курсии мансаб дурустар ҷо гирифт, нафсро идора карда наметавонад...
— Шарқ Шарқ мемонад, фарди хурдаш ҳам, калонаш ҳам бе ҳикмат сухан намегўяд, – шояд барои гурези сухан Александрин ҷилави сўҳбатро ба дигар тараф кашидан хост, вале бобо ва дигарон чизе нагуфтанд, гўё ин ҳам одоби шарқӣ буд. Ниёз ҳам хомуш буд, аммо дар ин хусус фикр намекард, пеши назараш Сабзина меомад, ки дар ин дунё чандон хуррам нест...
...Александрин тарбуз барин дарунашро хўрд, ки гўсфандхўрӣ карда гаштаасту дар Моғиён кори кон ба чӣ аҳвол бошад, ҳарчанд ки аз омаданаш ба Киштўд он қадар зарар накарда буд, зеро ғарази ў танҳо кон баровардану ангишт кандан не, балки кишвару одамони онро омўхтан ҳам буд. Аз ин рў пушаймон набуд, ки бо бобои Наврўз вохўрд, ақаллан донист, ки дар олами онҳо фидоиёни китобу достон ҳам будаанд ва китоб ба зиндагии онҳо чӣ таъсире доштааст, ҳамаи ин чизҳо, албатта, дар рўзномаи меҳмон дарҷ хоҳад шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо