Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Александрин андеша дошт, ки дар бозгашт ҳамаи ин андешаҳоро ба Ниёз мегўяд ва таъкид мекунад, ки бобои аҷоибу ғароиб доштааст, вале мардуми меҳмоннавози Некон нагузоштанд, ки онҳо танҳо бозгарданд; Аёзу Бадал онҳоро то Моғиён гуселониданӣ шуданд, зеро дар ин замони ноосуда сари ҳар қадам метавонад ҳодисае рух занад ё рўзгор фалокате зояд.
— Падарат домулло? – дар зин каҷ шуда аз Аёз пурсид Александрин.
— Не, деҳқон.
— Сураташ ба деҳқон намемонад. Деҳқони ҷои шумо сиёҳ мешавад, аз зарби дар офтоб кор кардана... баъд деҳқони осудаҳол бошад, рўяш сурх мегардад, вале падари ту дар рўяш нуре дорад, ба қавли мардуми Шингу Моғиён «имон» дорад. Падарат ё домулло ё...
— Не, дар диёри мо кам касе ёфт мешавад, ки хату савод надошта бошад, китоб хонда натавонад, ҳатто занҳо саводи китобхонӣ доранд, аммо он савод саводи домуллоӣ ё бихалифагӣ не.
Ба назар Александрин мот шуд, дар бораи он ки гўё мардуми ин кишвар саросар бесаводанд, баҳс накард ва ҳарфи Аёзро лоф ҳам надонист. Хомўш монд. Ниёз ҳам хомўш мерафт. Онҳо аз ҳамсафарии рўди Кўҳак ҷудо шуда ба чап гаштанд ва ҳамворие пеш омад. Ниёз хаёл мекард, ки рафту ҳарфи бобош рост бошад ва ў сардори ин мулк шавад, чӣ корҳое бояд бикунад: ҳамвории дашти Ғузор, дашти Малла дар синаи ин кўҳҳо чӣ замини фарох метобанд: «Рўзе мерасад, ки Ғузор Марғзор мегардад» аз дил гузаронд ў ва ба уфуқи дур нигарист, ки гўё олам дар ҳамон ҷо интиҳо мепазируфта бошад, вале ў медонад, ки олам ҳадд надорад; ҳар қадар пеш равӣ, уфуқ гурезон мешавад ва ин пардаи ҳарири нилгун мисли духтари зебо дили касро мерабояду мегурезад: «Касе аз домони ин пардаи обгун дошта метавониста бошад?»
— Мўҳтарам Александрин, ана ба он болохона диққат диҳед...
вай болохонаи Маликбой, ман дар он болохона хизмат кардаам.
— Бойи калон?
— Калону хурдиашро намедонам, лекин медонам, ки чаҳор асп дорад, чанд модгов, қўтани гўсфанд ва замини лалмӣ; бойҳо боз чӣ доштанашон мумкин, намедонам.
— Ягон бор ба сари ту ҳам задааст, ки бой шавӣ?
— Дар инбора андеша накардаам... Ба назари ман бойҳо ба одам монанд нестанд; феъли ҳайвонӣ доранд...
Александрин сар хам карда ба андеша рафт. Мазмун, фикр мекард, ки манзилу маконашро монда барои чӣ ба ин ҷо омадааст ва ё хаёл мекард, ки шояд онҳо ўро ҳам бой гумон кунанд ва барои бой шудан ба ин ҷо омадааст гўянд, вагарна мурод аз ин сарсониҳо чист?

пешина
аз 279
навбатӣ