Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ниёзи хурди рамузфаҳм пай бурд, ки ў ягон дард дорад, барои ҳамин ин қадар андеша мекунад, вале дардашро ба касе ифшо намекунад. Ниёз хеле мехоҳад, ки бо ин мард дардошно бошад, ба дарди ў хўрад, аммо марди сипоҳи дурандеш ба касе намегўяд. Саҳифаҳон аламангез ва ё рўҳбахш якеро варақ гардондан лоимкон аст; рафту аз нодонӣ варақ гардонданӣ шавад, дар он саҳифахо танҳо дарди хеш дармеёбад ва агар дар он саҳифаҳо ба дарди ў монанд чизе набошад, дафтар барои ў ҳеҷ метобад, баъд дар қади хеш барои дигарон ҷома мебуррад, ки аз илмҳои бадтарин аст. Ҳоло Ниёз дар бораи Александрин ва тақдири ў – бойбачча ва ё ятимак калон шудани ў фикр карду кору бори имрўзаашро пеши назар овард, чӣ хел марди доно ва ба кори худ ҳушёр буданашро ҳам дар сар таҳлил кард ва хаёлаш ба бобо рафт, онҳоро то аидозае муқоиса кард, аммо монандие дарёфт накард, сонӣ ба Аёз нигарист, ки чаро бобо ин қадар ба Киштўд баргаштани ўро мехоҳад, чаро тарафдори волӣ шудани ўст? Магар бобо дар қади худ барои Ниёз ҷома намебуррад?
— Мўҳтарам Александрин, ман ба Киштўд баргардам?
— Агар бой шудан хоҳӣ, шоҳона зиндагӣ кардан хоҳӣ, марҳамат...
— Чӣ хел бой? – аз ҷавоби ў чизе нафаҳмида пурсид Ниёз.
– Ин бой не-ку?
— Ҳама гуна мансаб кўшише барои бойшавист.
— Кас бой шудан нахоҳад чӣ?
— Ҳоло ин хел кас ба дунё наомадааст, касе ёд надорад, ки одамӣ аз молу мулки дунё рўй тофта бошад.
— Бобом мегўянд, ки нимта нон – роҳати ҷон.
— Инро касе мегўяд, ки ба нони бутун нарасидааст, касе ки ба нони тамом расид, як нонам ду нон шавад, мегўяд.
Ниёз дар монд. Андеша мекард, ки дар ҳақиқат хислати одамӣ ҳамин хел аст ва ё худдорӣ кардан ҳам мумкин? Ва гўё Аёз ҳарфи аз дили Ниёз гузаштаро дарёфт, ки чунин фикр:ро пеш ронд:
— Халқ мегўяд, ки кас бояд лаҷомкаши худ бошад, яъне, улов ҳам худаш бошад, савор ҳам ва ба кадом тараф ҷилав гардонданро донад.
— Ҳа-а, халқи шумо кони ҳикмат, кони панд... Панду андарзатон ба накўкорӣ илқо мекунад, лекин кам-кам мубориз будан ҳам зарар надорад, мубориза халқро ҳушор мекунад. Ҳарифро баъзан ба забони ширин, баъзан ба ҳунар ва баъзан ба зўрӣ мағлуб мекунӣ...
— Ва баъзан ба зар...
— Бале... Ба хаёли хоми тоҷирон роҳи осонаш ҳамин аст, вале ин қаллобист, фиреб аст; ҳам худрову ҳам дигаронро фиреб медиҳӣ.

пешина
аз 279
навбатӣ