Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Онҳо Дашти Малларо миёнбур карданд, то офтоб фурў нарафта рўди Муғро убур кунанд ва шаб бошад ҳам, ба манзил расанд, аммо Аёз маслиҳат надод, ки ба ин дараи махуф шабҳангом сафар кунанд... Дар Чорбоғ қарор гирифтанӣ шуданд ва Аёзу Бадал хонаи Мулло Асомиддинро суроғ карданд, Асомиддини зериҳисориро, ки дар Чорбоғ мулло нест, гуфта, ба ин ҷо кўчида омада буд, аммо Асомиддин кайҳо фавтида, писараш Имомиддин муллоиро ба ҷои ў давом медодааст, ки меҳмонони нохондаро нашинохт ва боз ҳамроҳи марди кофир омадаанд, гуфта ба даргохаш роҳ надод. Чунин рафтор ба Александрин хуш наомад ва азм кард, ки бановақт бошад ҳам, пои сафар бознадорад... Акнун онҳо хомўш мерафтанд, танҳо садои сум ва ба кўрсангҳо бархўрда, шарора :
баровардани наъли аспҳо мушоҳида мешуд. Аспон гўшсих карда, баъзан аз камару сангҳои сари роҳ хўсида, фиркида, пас-пас рафта ва сонӣ чӣ будани он чизро дониста, боз ба пеш ҳаракат мекарданд ва дар чунин ҳолатҳо – барои аспонро ҳушёру шерак кардан «чу! чу!» гуфтани саворон дар шаххо акси садо медод.
Хомўш мерафтанд, вале аз чунин хомўшӣ Аёзу Бадал дар хиҷолат буданд; ҳам аз Александрин ва ҳам аз Мирзониёз хиҷолат мекашиданд, ки шабонгаҳ онҳоро бо забони дароз ба дари «ошноҳо»
бурда, хизмати хирсона карданд; онҳоро кофир хондани писари мулло ба ҳеҷ кадоми онҳо хуш наомад ва гўё сабаби раҳораҳ хомўш рафтанашон ҳамин бошад, ки яке «чӣ кор карди?» ва дигаре «бубахшед!» гуфта наметавонистанд.
— Ана дар ҳамин ҷо дам мегирем, – Дуобаи Шингу Моғиёнро дар назар дошта гуфт Александрин.
— Магар ин ҷо хавфнок нест? – ишора ба нооромии замона кард Ниёз.
— Мо – чаҳор тан родмардон аз чӣ метарсем?
Александрин, ки аз асп фаромад дигарон низ фаромаданд.
Чаптар ва болотар деҳаҳо буданд, аммо онҳо канори рўд манзил гирифтанд. Александрин ҳамроҳонро чаҳор родмард номид, се тан миёнсол ва Ниёз ҷавон буд; Аёзро мўй сафед гашта, Бадалро мошубиринҷ буд, вале мўи Александрин малла ва то паси гардан фаромада буд; ҳар се риш доштанд. Вале Ниёзи ҷавон мўи фатилаи сиёҳ дошт ва дар рухсори росташ холи мушкин, чашмонаш тез буданд ва агар андаке ошуфта гардад сапедии чашмонаш сурх мешуданд ва дар чунин ҳолат ҳам зебо метофтанд. Ниёз дар дида хоб надошт, дигарон низ, аммо ҳама орому хомўш, ки хуфта бошанд...
...Ситораи корвонкаш кайҳо баромада буд, вале дар паси кўҳҳои баланд пинҳон буд. Онҳо азм карда буданд, ки баробари рух намудани ин ситора рахти сафар мебанданд, аммо рўз шуду сонӣ аз ҷой хестанд, агар шаб хоббедор буданд, ҳоло бедорхобанд.
— Аз ин ҷо ҷудо мешавем, амак, – изҳори хоҳиш кард Ниёз.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо