Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Чӣ хел ҷудо мешавем? Ту бояд ҳамроҳи мо равӣ!
Ниёз чизе гуфта натавониста ба Александрин нигарист, ў низ ҷавобе дарёфт накарда китф дарҳам кашид.
— Ман баъд меравам, амак.
...Ниёз хоб дид; хоб дид, ки савори аспи сафед ҷониби Киштўд меравад. Баҳор. Миёни сабзазорро гузашта меравад. Ғузор марғзор аст. Баҳри дилаш кушод. Аввалин бор дар лабаш табассум омад.
Аспаш ҷилва мекард, кишна мекард, Дар болохонаи Маликбой базм аст, базми осмонкаф. Ниёз ба ин базм эътиборе надода гузашт. Ба бой хабар доданд, ки кофире мегузарад, ба базми шумо хандида, тамасхур карда мегузарад... Баногоҳ пас нигариста дид, ки тўдаи барлосҳо аз пасаш таъқиб мекунанд. Аспашро тозиёна зад, асп ба хар бадал шуд ва даруни сабзазори баланд пинҳон гашт, ки тўдаи роҳзан гузашта пеш рафтанд ва ўро надиданд. Ў дергоҳ миёни марғзор гашт ва бедор шуда дар бораи хобаш фикру хаёл кард, ки хобаш чӣ маънӣ дошта бошад. Марғзори зебо буд, вале таъқиби барлосҳо барои чӣ? Барои хобгузорӣ назди ягон пири доно рафтан лозим. Дар ин ҷо чунин одамонро намешиносад.
Ин чизро аз ҳар кас пурсида намешавад. Дар Киштўд мебуд, аз бобои мўйсафедаш мепурсид. «Марғзор хуб» хобгузорӣ мекард ў, «аммо таъқиби онҳо чӣ? Барлосҳо ба ман чӣ кор доранд? Ман бо онҳо муносибате надорам-ку?... Александрин одами доно, дар масъалаи хобгузорӣ чӣ хел бошад? Марди саис чӣ? Ба назарам ў танҳо қашаву хору моли аспонро медонад. Рўзаш гузарад шуд.
Ҳама вакт ҳушаш ба куҷое банд, аз рўи кирдору рафтораш ба осмонҳои ҳафтум. Доим мурданро фикр мекунад, гўё ба дунё омадан чунин маънӣ дошта бошад: хўрдану мурдан. Ҳамин хел як кас саис; худаш сер бошад, кўдаконаш сер бошанд, дигар ҳеҷ чиз лозим не. Одам намемурад, мегўяд, ба дигар шакл мегардад ё кўдак давоми умри инсон аст, мегўяд. Аҷиб одаме – ақида дорад, фалсафа дорад – дар олами худ одами доно, вале берун аз марзи худ пой гузошта наметавонад... Ба ҳар ҳол пурсидан айб не. Кори ҳамон яҳудӣ, ки бо Александрин омада буд, дуруст, аз пурсидан шарм намедошт; аз пурсидан меёбӣ, мегуфт, ҳама чизро донистан мехост, ё ягон чизи нав фаҳмидан. Аммо мардуми Кўҳистон аз пурсидан шарм мекунанд, пурсанд, гўё нодонии хешро фош мекарда бошанд...»
— Амак, як чиз пурсам? – ба саис рў овард Ниёз.
— Хўш, писарам! Бипурс! Аз осмон, аз замин?
— Не... Хоб дидам, амак... Лекин маънии таъқиби барлосҳоро нафаҳмидам. Онҳо ба ман чӣ кор доранд?
— Ҳеҷ маъние надорад, – гуфт саис ва фармуд: – Ту аз ин ҷо меравӣ. Таъбираш ҳамин, – Саис хомўш монд. Мазмун, сухани Ниёзро мунтазир буд. Вале ваҷоҳаташ дигар шуд...
— Дуруст барин, амак...

пешина
аз 279
навбатӣ