Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Дуруст барин не, дуруст!... Ту меравӣ, одами калон мешавӣ...
Лекин худатро бояд эҳтиёт бикунӣ... – Қабилаи туркнажод.
Чашм во кард ў ва ба чеҳраи Ниёз нигарист: – Худатро аз барлосҳо бояд эҳтнёт бикунӣ... Ту барлосҳоро мешиносӣ? Онҳо дар соярўи волости Киштўд зиндагӣ мекунанд. Мардуми каллакалони чашмтанг. Ҷангара, тез, бериё, бадандеш... Гумон мекунӣ, ки аз давраи Дақёнус мондагӣ... Хаёлам душмани суғдҳо ҳаминҳо...
Роҳзанӣ ҳам мекунанд, қотилӣ ҳам мекунанд. Хомохом мехўранд.
Надидаӣ-а?
— Дидагӣ барин, лекин ин қадарашро намедонистам.
;
— Акнун бидон...
— Ба назарам, Маликбой ҳамин хел ҷўраҳо дорад...
— О, бар падарат раҳмат, Маликбой ва дигар бойҳо бо онҳо муносибати хуб доранд. Бойҳо онҳоро дар лаҳзаҳои танг кор мефармоянд. Ҳатто киро мекунанд.
Ниёз ҳайрон монд ва пурсид:
— Онҳо маро таъқиб карданд, вале дошта иатавонистанд. Ман дар марғзор ҷо шудам.
— Дошта натавонистанд, нағз... Лекин марғзораш... Росташа гўм, инаша намедонам. Мардум марғзорро ҷои хуб мегўянд:
ҷаннат... Ҳамин хел, баччам, калон шуда меравӣ, лекин мана фаромўш накун.
...Ниёз чанд рўз зери таъсири хобаш дар хобу хаёл мегашт.
Аммо ба хулосае наомад, ки ҳамаи ин чӣ маънӣ дорад. Саис ба баъзе чизҳо ишора кард, вале Ниёз то охир нафаҳмид; баъзе хатарҳоро пай барад ҳам, аниқ намедонист, ки дар таги ин ҳарф чӣ асрорест...
...Пудратчӣ Борис Власов аз губернияи Туркистон ба Ғезан омад, ў бо чунин мақсад омад, ки кони Сўхта чӣ бартариву захирае дошта бошад, ки тақрибаи даҳ сол қабл аз ин байни савдогари калон Врублевский ва Баршевская барои ин кон маншаю бархўриҳо шуда буд. Борис Власов аз рўи харитаҳои ҷуғрофии сайёҳону мардумони аҳли саноати кўҳӣ медонист, ки ин кон зиёда аз сад сол боз зери замин сўхта, дудаш мебарояд, чӣ аҳамияте дорад ва чӣ фоида меорад. Ҳарчанд ки Александрин ин конро аз Врублевский харида ва истифода бурда штабҳои ҳарбии Самарқандро бо ангишт таъмин мекард, пудратчӣ онро дидан хост. Александрину Ниёз ўро ба сари кон бурданд. Як фарсах болотар аз Ғезан кайҳо ин кон ба кор даромада, мардони музофотро аз кор таъмин ҳам мекард, вале мисли дигар конҳо музди ночиз дошт, барои ҳамин коргарон сарам-дилам кор мекарданд, танҳо масофаи байни кону манзили икоматашои, ки барои ҳар рўз рафта омадан имкон намедиҳад ва барои музди ночиз аз аҳлу аёл дур ҳастанд, дили онҳоро аз ин кор хунук карда буд. Пудратчӣ Власов ба ин корҳо дахл накард, мардум ба Ниёз арз карданд, ки муроду матлаби онҳоро ба намоянда фаҳмонад, аммо Ниёз ба онҳо гуфт, ки фоида надорад, мақсади намоянда дигар аст...

пешина
аз 279
навбатӣ