Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мақсади намояндаро ба ҷуз худаш касе намефаҳмид ва ў баъди саёҳату аз назар гузаронидани кон чунин арз кард, ки конҳои ангишти уезди Хуҷанд ояндаи калон дорад, аз ин ҷо ангишт гирифтан заҳмати зиёд талаб мекунад. Ин ҳарф барои Александрин барин марди кордон нав набуд, аммо умеди ў аз намоянда дигар буд; хаёл карда буд, ки ў ба ҳама гуна суханони вай розӣ мешавад ва он нақшаҳое, ки Боуэру Врублевский ва дигарон дар сар доштанд, тасдиқ мегардад: роҳи оҳан меояд, роҳи ҳавоӣ мешавад... Аммо Власов ба ҳеҷ кадоми онҳо эътибор надод ва хост болотар ва дигар дараву кўҳҳоро тамошо кунад. Ҳавои зимистон сайру саёҳатро намебардорад, бо вуҷуди он Власов Ниёзро ҳамроҳ гирифта ба кўҳ баромад. Вақте ки онҳо боло мерафтанд, хунукӣ ҳам боло мегирифт ва Власов ба гуфтаи Ниёз аҳамият надода, ҳеҷ боке не, хунук киро куштааст, гўён боз болотар мерафт. Барф зад, аввал чандон барфи хунук набуд, ҳамин ки барф аз боридан бозмонд, заҳраш баланд шуд, шамоли тару вазнин мехест, ки то устухон кора мекард, ёрои даст аз остин берун кардан набуд, сару рўро мелесид, парраҳои бини ба ҳам мечаспиданд. Абрўҳо мисли абрўвони осиёбон сафед гашта буданд. «Ё гапи калон ё гапи хурд» аз дил гузаронд Ниёз якравии меҳмонро ёд оварда. Ниёз гупачаи пахтагинро ба меҳмон кашида доданӣ шуд, аммо ба тани ў кор намеомад, меҳмон шинел вазнин гуфта, дар хонаи Александрин кашида монд, тани пиҷаку шапка, хунук то устухонаш расид, хайрият, ки мўза дорад.
«— Тез гардед, Борис Владимирович», – раҳнамо барин пешпеш гоҳ раҳро гум кардаву гоҳ пайдо карда мегуфт Ниёз.
«— Аҳа» дандон ба дандон мезад Власов.
Худи Власов ҳам медонист, ки тез гардад, гарм мешавад, аммо тез гаштан имкон надошт, роҳ маълум набуд, баъд дасту пой карахт шуда имкони гаштан намедод. Боди саргардон пуршаст ба синаи кўҳ мезад ва гўё зўраш ба кўҳ нарасида, алам аз онҳо меситонд, буду шуди қувваашро якҷоя карда, ба сару тани онҳо мезад, то аз пой афтонад, аммо онҳо на танҳо бар муқобили боди сарду тез истодагарӣ мекарданд, балки пеш мерафтанд.
— Андаке тез гашта наметавонед?
Власов на танҳо тез гашта наметавонист, балки ба савол ҷавоб дода наметавонист.
— Биёед пуштора гирам.
Ў рад кард, вале вақте ки дар ҳамвории қади об афтид, дигар ҳоҷати пурсидан ва розӣ шудан-нашудани ў набуд. Аммо Ниёз ўро бардошта, пуштора гирифта натавонист. Власов чандон марди тануманд набошад ҳам, зўри Ниёз ба бардоштани вай нарасид.
Пас ў садо дод: «Эҳэ-ҳэ-ҳэ!» Ба умеде, ки шояд дар наздикиҳо касе бошад, то ба имдодаш расад, аммо аз кўҳҳои барфпўш ҳам садое наомад...

пешина
аз 279
навбатӣ