Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

«Деҳаи наздик кадом аст, ки рафта улав биёрам?» пурсид аз худ, аммо ҷавоб наёфт. Сонӣ ў ба Власов нигарист. Мурдасурат мехобид. Ниёз паҳлўи ў нишаст, бардошт, то ўро шинонад, маълум ки зўраш намерасад. «Андаке хезед, пуштора мегирам». Власов ҷунбид, ҳоло ҷон доштааст. Бо мадади Ниёз сар бардоштан хост, ковок шуд, нишаст ва Ниёз пештар аз ў нишаста, дасташро гирифт ва аз сари китфи рост пеш гузаронд ва боз аз китфи чап даст ёзонд, ки ў даст диҳад. Ҳамин тавр шуд. Ниёз ба зону нишаст ва ба пеш майл карда, ба замин парчин мегаштагӣ барин ёзид, то Власов ба пушторааш ояд. Нашуд. Силтав дод... ду дасти ўро пеш мекашиду ба зери ў ҷой мекард. Худи Власов ҳам каме ҷунбид, ки пештар омад. Ниёз каме рост шуд, зонуи чапро пеш кашида кат кард, зонуи ростро бардошт ва зўр зад, ки хезад, пояш лағжид.
Власов дар пуштораи ў базўр нафас мегирифт ва ҳатто «сар деҳ, фарор» гуфта наметавонист. «Каме рост шавед, пуштора гирам, мебарам». Власов ё намешунид ва ё маҷоли рост шудан надошт, баракс ба назари Ниёз ў рўдапо гашта, боз вазнинтар шуда, ба замин мехамид. «Наход ба ёди як кас нарасида бошем, ки мо ба ин ҷойҳо омада будем... Наход Александрин ҳам дар ин бора фикр накунад?» Ниёз зўр зад ва ўро ба дўш бардошт. Гўё кораш сабуктар шуд, ҳарчанд ки акнун вазни гарони Власов ба дўшаш бор шуда буд. Вай аввал ҳаросида пой мегузошт, ки лағжида наафтад, сонӣ одат карда, дурусттар пой мемонд. Барфи кўрпаю дар хамиҳо тўда шуда имкони гаштан намедод ва махсусан рўдакро убур кардан душворӣ меовард... Душвор буд, бисёр душвор буд барои ҷавоне ки ба чунин корҳо бори аввал дучор шудааст. Монда шуд, гарм шуд, арақ кард, хунукиро пай намебурд, аммо намеистод, наменишаст, ки арақаш сард гашта шамол накашад, ба хамин чиз ақлаш расид, азоб кашад ҳам, ўро ба ягон ҷой расондан мехост:
ақаллан ба кони Сўхта, ки дар он ҷо мададгорҳо ёфт мешаванд...
Вале то он ҷо расонида натавонист. Монда шуд, бораш торафт вазнинтар мешуд, пойхояш мадор надоштанд, ба ҳам мепечиданд, ҳис кард, ки пойҳояш аз рўи рафт ҳаракат мекунад, аммо мадор надоранд ва андаке роҳи ҳамвор ва ё фарозаке пайдо шавад, тамоман гашта наметавонад. Нашуд. Агар ўро ба замин нагузорад, худаш меафтид. Ба замин гузошту пай бурд, ки кўҳ аз дўшаш афтид, сабук гашт. чунон сабук, ки ба як дав то кони Сўхта, то Ғезан мерасила бошад. «Тамом, дигар ўро бардошта намешавад.»
Паҳлўи ў нишаст, рўи барф нишаст ва баъди хеле вақт хунукиро ҳис кард, хунукӣ ба танаш давид, фарошо гирифташ. Ларзид, беихтиёр ларзид, гўё ки касе аз ду бозуяш дошта меафшонда бошад. «Асар карл, акнун халосӣ нест.» Аммо тан додан нахост, боз кўшиши ўро бардоштан кард, натавонист. Мардак беёд гашта буд, ҳоҷати аз ў чизе пурсидан набуд. Пеши ду роҳ буд, намедонист, ки кадомашро интихоб кунад: ҳамроҳи ў истода мисли вай шах шавад ва ё партофта равад?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо