Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Интихоб карда наметавонист.
Ками дигар истад, шах мешавад, сонӣ баҳор мурдаи ҳардуро аз зери тарма пайдо мекунанд. Вай ба сару рўи Власов нигарист:
мурдаи тапа тайёр. «Агар партофта равам, ҷони худро халос кунам, аз ман куҷо шудану пайдо гаштани ўро талаб мекунанд ё не?
Чаро ба сухани бобом гўш накардам? Ба Киштўд нарафтам?» Ниёз ўро дурусттар аз назар мегузаронд, ки бо вай чӣ кор кунад. Гўё акнун ба диққат ба вай менигарист. Чашмаш ба корд ва ташюпчаи ғилофдори дар тасма гузарондаи Власов афтид, вале зуд чашм баргирифта, рўи барфи тар нишаст ва лаҳзае чанд нагузашта пай бурд, ки замин зераш фурў меравад ва ў оҳиста-оҳиста ба барф меғўтад. Ҳаросида хест, аммо надонист, ки аз тафси танаш барф об шуда, фурў мерафт. Ниёз хеле ба пасу пеш нагарист, садо дардод, ҷавобе дарёфт накард, боз паҳлўи ў нишаст, сару рўяшро дастмол кард, чашмонашро кушоданӣ шуд ва Власов ба назар ҳеҷ пай намебурд. Ниёз яқин кард, ки ў гузаштааст. Ҷунбонд ўро:
«Власов! Борис Владимирович!.. Эй, рафиқ!» Аммо ў намеҷунбид, садое надошт... Пас Ниёз даст ёзида ғилофи таппончаро дошт, тугмаашро кушоданӣ шуд ва ҳамин вақт дасти Власов лағжида болои дасти ў омад. «Наход, ки қасдан ин хел рафтор мекарда бошад, наход ки барои имтиҳони ман ин қадар рўбоҳӣ кардан лозим буд?» хафа шуд ў ва нигарон истод, ки дасти Власов боз чӣ нағма мекунад. Ниёз дасташро аз таппонча дур гирифт ва дасти Власов шалсурат паҳлў афтид. «О, маккор-э...» Ниёз ўро боз ҷунбонд, аз гиребонаш гирифта бардошт, ба назар саропо ях карда, таёқи рост шуда буд. Ниёз боз ба таппонча даст бурд, Власов нафаси дароз баровард, хеле монда шуда нафасашро рост мекардагӣ барин, аммо Ниёз гумон кард, ки вай нафаси охирин баровард, барои ҳамин даст аз таппонча барнагирифт, тугмаи ғилофро кушода, таппончаро кашид, дасти шалсурати Власов боло шуда рўи дасти Ниёз афтид. Ниёз як қад парид, вай гумон надошт, ки Власов зинда бошад, гўё аз ҷунбидани мурда тарсид; тарсид, ки ҳозир мурда аз банди дасташ сахт медорад ва рахо кардани он амри муҳол мегардад, вале дасти ў боз шалсурат паҳлў афтид... Ннёз таппончаро кашида гирифт, гўё чунон гирифт, ки Власов бехабар монд ва ў акнун ба ҳамроҳаш не, балки дурудароз ба таппонча менигарист, мазмун, истифода бурдани онро намедонист, зеҳн мемонд, ки дар куҷояш чӣ ҳаст ва чӣ кор кунад, ки парронад, тираш барояд, ҳамин қадарро медонад, ки кулангро пахш мекунаду тир мебарояд, аммо намедонад, ки пеш аз он ягон кор кардан лозим ё не... Ба Власов нигарист, рўи барф мехобид, мурда барин мехобид, чунон мехобид, ки ягон зарра ба барф фурў нарафтааст, хунук. Барой ҳамин, тафс надорад, ки барфро об кунад. «Оқибати ин кор чӣ мешуда бошад, аз ман медонанд?»
Ниёз намедонист, ки мурдаи ў ба кӣ тааллуқ дорад, вай ба кӣ бояд муроҷиат кунад ва даъвогар албатта ҳамон кас мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо