Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Ба ҳарфи мўйсафед розӣ шудан лозим будааст». Ангушти ишорати Ниёз ба куланги таппонча ҷафс шуд, фақат андаке пахш кардан лозим ва тамом. Чашми ў ба рўи Власов намедавид, ки чӣ хел мешуда бошад. Дастони ў, сонӣ пойҳояш ва тамоми вуҷудаш ларзиданд... рафту ангушташ кулангро пеш кашад, вай бори аввал тир мепарронад, барои ҳамин меларзад: аз садояш метарсад, аз худи тир метарсад, ки ба ў мезада бошад. Чашмонашро пўшид ва кулангро пахш кард. Ва ба зудӣ чашм накушод, гўшҳояш ҳам ба назараш қуфл заданд, аммо дар асл ин хел набуд, тапонча чандон садои гўшкаркунанда надошт. Чашмонашро кушода ба Власов нигарист, ки як бор чашм кушод ва боз пўшид, вале Ниёз надоиист, ки тираш куҷо рафт ва ба куҷо бархўрд: ҳамин қадарашро медонист, ки ба ҳаво рафт... Сонӣ ў ба атроф гўш дод ва аз ягон ҷо садое наомад. «Зиндаед, Власов!» Ў ҳамчунон хомўш буд. Ниёз кордро аз миёни ў гирифт ва таппончаро ба сари синаи Власов гузошта дуртар рафт, баргашта ба вай нигарист, боз рў тофта қадам зада то арчаи болои роҳ рафт, зери арча хушк буд. «Ин ҷо овардан лозим будааст ўро.» Аммо ба он ҷо бурдани одами шах- Шуда осон набуд... Вай ба яке аз шохҳои паҳну шиббадори арча корд зад; бурриданӣ шуд, аммо дастони сармохўрдааш кордро хуб дошта наметавонистанд. Бо ҳаври даҳон дастҳоро гарм карданӣ мешуд, вале ҳамин ки даст аз даҳон дур мегирифт, ҳаври даҳон дар дастонаш ях мебаст, аммо ў ҳар навъе карда корд мезад ва корд дурусттар фурў намерафт, гўё корд ҳам ях карда буду арча ҳам. Ба дасти рост корд мезаду дасти чап зери каш мегирифт, ки гарм шавад, ба дасти чап корд мезаду дасти рост зери каш мегирифт, ки гарм шавад... ва илоҷе карда, шохро бурида, сўи Власов нигарист... Пай бурд, ки мўзаҳояш ҳам ях карданд, гўё тамоми хунукӣ даруни мўзаи ў буданд. «Пой аз кор монад, бало мезанад.» Шохро кашола карда, тохта назди Власов фаромад.
Таппончаро ҳам ба ғилофаш андохту кордро ҳам. Баъд шохро ба раҳ рост карда, аз зери кашу китфони Власов дошта, бардошта андаке тоб дод ва пас-пас рафта рў-рўи барф кашола кард, то бар шох гузорадаш ва аз ҳамаи корҳои кардааш ҳамин корро осонтар иҷро кард, дар дилаш каме фараҳ ва умед иайдо шуд. Шохро кашид ва пай бурд, ки дар ноҳамвориҳо Власов аз рўи вазза ғелиданаш мумкин аст. Фикр кард, ки тасмаи миёни ўро кушода бо шоху шибба якҷоя бандад, аммо медонист, ки кўтаҳӣ мекунад, худаш чизе надорад, ки илова кунад; на салла ва на миёнбанд, ресмоне ҳам нест. Фикр кард, хаёл кард ва ақлаш расид, ки шохҳои канорро аз болои шиками ў гузаронида ба ҳам бандад. Печонд, шохҳоро ба ҳам печонд, ўро даруни шипаҳо нечонд, ки ҳам нағалтад ва ҳам гарм шавад; ба хаёлаш ҳамин хел мехост, ки ў гарм шавад... Вазза гирифт, кашид шохро. Шох рў-рўи барф мехазид ва ҷўя-ҷўя нақш мегузошт.

пешина
аз 279
навбатӣ