Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Ҳамвор мерафт, мисли чана мерафт ва ҳамин ки ба гўтҳо бармехўрд ё ба уреброҳа мерафт, каҷ мешуд ва Власов майли ғелидан мекард. Ниёз бозистода, ўро рўи шох ҷо ба ҷо карда, аз сари нав мекашид. «Ҳаракат мекард ҳам, як гап буд, акнун тамоман хунук зад.» Мақсади Ниёз ўро то назди мардум расондан буд ва он тарафашро намедонист, ки чӣ мешавад...
Ў ба кон наздик шуд, боз аз таппонча тир холӣ кард ва ин дафъа ҳам ҷавобе нашунид, ваззаро рўи роҳ гузошта, уреб рафт, то аз кон одамонро хабар кунад, ба бурдан зўри худаш намерасад, аммо дар кон касеро пайдо накард. Бод ба даҳонаи кон бархўрда нўла мекашид, гўё дар мулки бекас галаи гургон нўла мекашиданд.
Каме дарун рафт, ба нақби торик рафт, воҳима гирифт ўро ва зуд баргашта, афсўс хўрд, ки вақтро беҳуда гузаронд. То Ғезан роҳи наздик нест ва ў намедонад, ки то бегоҳ расида метавонад ё не, рафту дар шаб монад, худаш ҳам қатори Власов дароз мекашад.
Вай дар паи рафтааш пой гузошта баргашт, сабук меҷаҳид, гўё бе бору вазза дар уреброҳа дам гирифт, он тарафаш роҳи ҳамвор ва бисёр рафта омадааст, медонад, медонад, ки чӣ хел рафтан лозим аст, шаб фаро расад ҳам, роҳро ёфта меравад. «Намурад шуд.» Ў аз дастаи вазза дошта кашид ва баробари ба роҳи калон баромадан тохт. Вазза аз паи ў бозии баччагона барин мерафт, дакка намехўрд, каҷ намешуд ва ба хаёлаш Власов роҳат карда мерафт. Ва ҳамин дам дар дилаш шўълаи умед дамид, ки на ягон мурдаро мекашад, балки бо ҷўрааш бозӣ мекунад, то нисфи роҳ мекашад ва он тарафаш ҷўрааш навбат гирифта, ўро то манзил мебарад. Аз рўи тахминаш рўзи кўтоҳи зимистон поён меёфт, барои хамин ҳар қадар метавонист, тез мегашт, метохт, ба назар чунин метобад, ки мегурезад; аз кўҳи бекас ва аз кони бефоидаи даҳансиёҳ мегурезад. Ба Ниёз аз куҷое қуввати нав пайдо шуд, метохту метохт ва вазза рўи барфи пардаи рўяш сахт ташта сабук мехазид, аммо иойҳои Ниёз қисми сахташро шикаста, фурў мерафт ва ҳар бори пой кашидан як лахт барфи яхбастаро канда пеш ё канор меандохт, ба назар ў чана мекашид... Аввалин дарахтони Ғезан аз баландӣ тофтанд, дарахтони ҳамвориҳои водӣ ҳам намуданд, аммо фурсате нагузашта як пардаи сиёҳ ба сари деҳа, ба рўи водӣ паҳн шуд ва ба ҷуз сафедии барфи роҳу канори роҳ чизе наменамуд. «Ба ҳаминаш ҳам шукр» наздик будани Ғезанро дар назар дошта гуфт ў, вале ҳамон лаҳза дилаш – таги дилаш аз пардаи ба рўи замин фаромада ҳам тиратар шуд: «Бо ин мурда-ку ба хона мерасам, баъд чӣ кор мекунам?» Дар деҳа касеро дучор наомад, ғўё ҳама аз сармо гурехта, дар хонаҳо ҷо шуда буданд, мардҳо шояд дар меҳмонхонаҳо бошанд, занҳо кунҷи сандалиҳо нишастаанд, кўдакон ҳам, аммо бо сагҳо чӣ шудааст, ки ба деҳа дохил шудани одами бегонаро пай намебаранд? Маълум, ки сармои сахт аст...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо