Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дастони дар банди шох қолабгирифта кушода шудан намехостанд, ангуштон чангак шудаанд, аз якдигар дур намешаванд, ки занҷири дарро кушояд, вале иойҳояш ҳаракат доранд. «А... ама...» натавонист, амаки Салоҳиддин гуфта натавонист, манаҳаш ларзид, дандонҳояш ба ҳам бархўрданд ва ҳис кард, ки сармо ба танаш кора карда ва акнун ки ташвиши роҳ тамом шуд, хунукӣ рў зад. Дари сиёҳи амаки Салоҳиддинро кўфт, бо пушти даст кўфт. Занаш дарро кушод ва ларзидани манаҳи Ниёзро дида «дароед» гуфт, аммо ў ба ишорат фаҳмонд, ки амак лозим. «Хуфтан мехонанд». Ниёз хост гўяд, ки намозро кўтоҳ кунанд, аммо пас гашт. Ба дари кулбааш расида буд, ки сурфаи амаки Салоҳиддин баромад: «Ҳа, Мирзониёз!» Вале Ниёз ба ў чӣ ҷавоб доданро намедонист, садояш намебаромад, ишора ба вазза кард. Амаки Салоҳиддин медонист, ки Ниёз ҳамроҳи меҳмон ба кўҳ рафта буд, барои ҳамин ба вазза нигоҳ карда Власовро дид ва оҳиста сар боло карда аз Ниёз пурсид: «Зинда ё мурда?» Ниёз гардан каҷ кард, ки намедонам. Ў занашро ҷеғ зад, намад биёр гуфт. Занак намад овард ва ба хонаи Ниёз даровард. Амак шохҳоро, шохҳои печида ях бастаро бо корд бурида Власовро бардошта хона даровард ва дар намади овардаи занаш печонд. «Алов бикун, кампир дар қашқарча алов бикун.» Таппончаро гирифт, кордро гирифт, шапкаи сари ўро гирифт ва баъд дар намад печонда, рўи хона рўболо хобонд... Занак аз сандалӣ оташ оварда, ба рўяш параха гузошт ва пуф-пуф карда онро дар гиронд, бўи дуд ва бўи хуши парахаи арча дар хона паҳн шуд. Оташ фурўзон гашт.
«Оқибтар шип, баччам» ба Ниёз фармуд амаки Салоҳиддин, – ба одами сармохўрда гармии сахт намефорад, кам-кам, аз дур гарм шудан лозим.» Ниёз худро пас кашид. Амак ҳезум болои ҳезум мегузошт ва эҳтиёт мекард, ки хона якбора гарм нашавад. Заҳри хонаи хунук шикаст, қисми болоии фазои хона гарм шуд, аммо рўи фарш хунук буд, оташ як хел буд. Амак аз ду чўб зиёд намемонд ва онро оҳиста-оҳиста пеш тела дода, месўзонд ва баъд дигарашро мемонд, ба назар ў зарферо эҳтиёт мекард, ки аз гармию хунукии ноҷўр нашиканад... Ниёз як ларзид ва нўги биниву гўшҳояш сўхт ва баъди хеле вақт атса дод. «Шамол хўрдаӣ, баччам, сахт шамол хўрдаӣ» гуфта берун баромад. Ниёз хест, гуппичаро аз тан кашида, паҳлўи оташдон гузошт, ки хушк шавад, вале ҳавои гарми қисми болоии фазои хона нафоридаш, зуд нишаст, ба намади печида нигарист, ки меҷунбад ё не, наздик рафт, маълум набуд, ки меҷунбад ё не. Гўш бар он гузошт, чизеро пай набурд. Амаки Салоҳиддин даромад, дар даст коса дошт.
— Ақли кампирро бин, ки атола кардааст...
— Амак, гумонатон, ки зинда мешавад? – ба атолаву косаи дасти ў эътибор надода пурсид Ниёз.
— Чӣ, ў мурдааст?

пешина
аз 279
навбатӣ