Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Намедонам...
— Атоларо ошом... он тарафаш кори парвардигор...
Чанголи Ниёз кушода шуда буд, косаро дошта метавонист, аммо ҳоло меларзид, ў дид, ки атола мерезад, косаро ба замин гузошт ва баъд ангушт зада лесид, пай бурд, ки ба танаш нашъа овард, сонӣ косаро дудаста бардошта оҳиста дам кашид, лабонаш гармиро хис накарданд, вале даҳонаш сўхт, сонӣ як оташ гулў, сурхрўда ва меъдаашро сўзонда фаромад, дигар наошомид, сабр кард, то хунуктар шавад, вале ангушт зада лесидан гирифт...
Бадани Власов об кушод, вай як бўйро пай мебурд, аммо равшан намедонист, ки чист, ҳис мекард, ки парраҳои биниаш мехорад, баданаш гармӣ дорад, садои пасти одамӣ ба гўшаш медарояд, вале ҳеҷ кадоми онро фарқ карда наметавонад, гўё дар олами рўъё мегардад. Бўи гармӣ – бўи арчаро пай намебурд, вале аранге фарқ карда метавонист, ки дар олами тираву тор ҷойгир аст: шўълаи оташ, мил-мили забонаи чароғи сиёҳи токдони рўбарўи оташдонро намедид, чарс-чарс садо додани ҳезуми бурсро намешунид, танҳо ёд оварда метавонист, ки ў мурдааст ё зинда?..
Сонитар, баъди чандин бор ин саволро аз дил гузаронидан гармиро дар танаш пай бурд, бўйро ҳам шамид, фарқ кард, овозро ҳам шунид ва донист, ки ў зинда будааст; чашм кушод, танҳо як чашмро, гўё барои ҳарду чашмро кушодан қувват надошт, вале чизеро надид, торик, чизе рўи чашмашро мепўшад, то тори сар мепўшад, вале монанди каси чашмашро парда гирифта, аз гўшае равшание меояд, ки умеди зиндагӣ дорад... Ў чашми кушодаашро ҳам пўшид. Танаш не, ҷисмаш не, вуҷудаш не, танҳо кадом гўшаи мағзаш кор мекард, шояд майнача бошад, ки вай вақти хоб ҳам кор мекунад, ҳамин майнача ба ў ёвар шуд, ки дар бораи кӣ ва дар куҷо буданаш хаёл кунад. Власов чашм кушод, ин дафъа нур зардча тофт ва ў пай бурд, ки ногувор мехобад, чунон ногувор, ки ҷунбида наметавонад; ким-куҷои баданаш мехорад, нўги бинӣ, сари гўшаш мехорад, вале ў монанди тифлест, ки печида ва боз дар гаҳвора дасту пояшро баста бошанд. Ў ҳаракат мекунад ба ёд орад, ки дар куҷост, кай ин зайл хобаш бурдааст: кўҳ, барф, бодн сард ва ниҳоят хунук хўрданаш ва хаёле Ниёз пуштора гирифтанаш ба хотир меоянд, аммо он тарафашро намедонад, ки чӣ шуд, ҳа, боз аз миёнаш таппонча гирифтани Ниёзро медонад...
ва «мурданашро.» Танаш вараҷа кард, чунон печид, ки ларзида натавонист. Ҷоғҳо шах шуда, ба ҳам часпидаанд, вале ин чизро ў пай намебарад, зеро ҳоло ба гуфтан омода нест; мағзаш, фикраш то ин дараҷа кушода нашудааст, танҳо хаёлаш кор мекунад ва он ҳам гоҳ меояду гоҳ меравад; дар олами рўъёст; чашм мекушояду мепўшад, садоҳои паст-пасти норавшанро мешунавад, вале фарқ намекунад, бегона барин, гўё дар оламе афтидааст, ки дигар умеди раҳоӣ надорад. Як сурфаи сахт шуд ва ў аз ҳарос ё ҳайрат ҳарду чашм якбора кушод, мижаву милки чашмон аз ҳам дур шуданд, беихтиёр – кори одат барин кушода шуданд, ҳамчу чашмони бум кушодаву чизеро намебинад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо