Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба гўшаш ғур-ғури гуфтан меояд, худи ки дар куҷое занбўр мегардад... Власов дуру дароз мулўҳ барин меистод, чашмонаш кушода, аммо садо, сухан, фазо, торикиву равшаниро пай намебарад, танҳо баъзе садоҳо ба гўшаш медароянд ба мисли хобу хаёл, аҷибаш, ки дар чӣ ҳол ва дар кучо буданашро пай намебарад; дер вақт гузашт, амаки Салоҳиддину Ниёз чандин бор назди ў омада рафтанд, зинда ё мурда буданашро хабар гирифтанд, аммо Власов аз ин чизхо хабар надошт... акнун, баъди гарм шуда, дар баданаш хун ҳаракат кардан, гўё баъди аз хоби гарон бедор шудан пай бурд, ки дар ҷои танги ноҷунбон мехобад, ки ёрои дарозтар нафас гирифтан надорад; гўш, бинӣ, гардан ва баъзе ҷойҳои дигар ба хориш даромаданд, ки ў ҳис мекард, хоридан мехост, аммо даст ҷунбонида наметавонист:
«Дасту пои маро кӣ баста бошад?» Инак ў хаёл не, балки фикр мекард, андаке ба худ омада буд, вале садое, шарфае иамеомад, ки дар куҷо буданашро донад, танҳо чарс-чарс сўхтани ҳезум ба гўш мерасид, аммо инро ҳам ў фарқ карда наметавонист, ки садои чист, лекин мешунид. Ҳоло гармӣ барои ў аён буд, бўйро ҳам баралоина фарқ мекард ва дар чунин гармӣ як тариро низ дарк мекард. Ў хост садо диҳад, то дар куҷо ва дар чӣ ҳол буданашро донад, аммо садояш набаромад, маълум ки ҳоло барои садо кардан мадор надорад, танҳо мешамаду мешунавад ва фикру хаёл карда метавонад; ҷунбидан хост, аммо ҷунбидан ҳам натавонист, на барои он ки печида буд, балки қувват надошт, лекин ин чизро бисёр мехост; мехост ҷунбад, мехост, ки садо диҳад ва боз чашмони «нобино»-яшро пўшид, ки баҳузур хоб кунад...
...Ниёзро дар лаби оташдон ғанаб мебурд, ҳарчанд амаки Салоҳиддин «баччам, даро хоб рав, ман оҳиста-оҳиста алоб карда мешинам» мегуфт, ў қабул намекард. Чашм мепўшид ва чашм мекушоду сўи Власов менигарист, ки меҷунбад ё не, ягон садо дармедиҳад ё не ва намади печидаро зайле медид, ки амаки Салоҳиддин гузошта буд.
— Одам мешуда бошад, амак?
— Гуфтам-ку, кори Парвардигор.
Вай дигар аз амаки рўҳонӣ ҳарфе напурсид, зеро ҳар боре ки аз зинда мондан ва ё намондани Власов савол мекард, ҳамин ҷавобро мешунид. Аммо ин саволу ҷавоб ба гўши Власов даромад ва ў донист, ки дар ин ҷо касони дигар низ ҳастанд, ҳамин қадар донист, аммо маънии суханони онҳоро нафаҳмид, пай бурд, ки ба забони бегона ҳарф мезананд. Агар ҳушёртар мебуд ва дар намад печида намебуд, шояд тоҷикӣ будани ин лафзро мефаҳмид, вале ҳоло чизе нафаҳмида, хаёл кард, ки ба кадом сайёраи ғайр ва ё кишвари ноошно афтидааст, ки торикистон аст. Ба ҳар ҳол ў азм кард, ки илоҷе карда дар ин ҷо буданашро ба онҳо фаҳмонад ва он тарафаш ҳар чӣ бодо бод...

пешина
аз 279
навбатӣ