Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Власов тамоми қувваашро ҷамъ кард, ки аввал дастонашро аз банд раҳо кунад, натавонист, на танҳо натавонист, балки наҷунбид, намадро ҳам ҷунбонда натавонист, ки онҳо бинанд, сонӣ тамоми қувваашро ғун карда дод зад; садояш мисли садои гурбаччаи хоболуд баромад: «Мммм».
Вале ин садо то ба гўши онҳо нарасид. Вай хеле мунтазир шуд, ки агар дар ин ҷо одамӣ бошад, баъди садояш ё ба имдодаш мерасад, ва ё ҳар коре раво бинад, онро мекунад. Ў боз ба хаёл рафт; хаёл кард ва он барфи арасоту шамоли шайтанатолудро ёд овард, ки Ниёз барои ҷони худро халос кардан, ўро ба ҳолаш партофта рафтаасту вай ба дасти ғўлҳо афтидааст, агар аз хунукӣ намурда бошад, акнун мамурад: «Миии»! боз садо дардод ў ва ин дафъа аранге ба гўши Ниёз расид. Ў баргашта ҷониби намади печида нигарист ва ба амаки Салоҳиддин рў овард, ки ў шунидааст ё не.
Вале амаки Салоҳиддин чизеро пай набурдааст, ки «ҳа!» гуфта ба нигоҳи ҳайратомези ў савол дод:
— Ба гўшам садои нола даромад, амак!
Амаки Салоҳиддин ҳеҷ чиз нагуфт, балки хест. Назди намади печида рафт ва сари зону нишаста гўш дод. Чизеро фарқ накард.
Дароз кашида, гўш ба нои намади печида дошт: садое меояд, ба садои пасти нафаскаши монанд. Сипас ў гўш баргирифта ба Ниёз нигарист: «Гўш дор, писарам, гўши ту шунавотар». Ниёз ба шикам дароз кашида гўш ба нои намади печида дошт: нафас меояд, садои нафаскашӣ меояд.
— Ҳа, нафас мекашад, амак!
«А-а-аҳ!» ин дафъа садои ў ба садои бемори нимҷон монанд буд.
— Ҳа, садо мекунад! – амаки Салоҳиддин низ шунида гуфт.
— Власов! – даҳон ба нои намади печида гузошта садо кард Ниёз. – Борис Владимирович!
Власов садоро шунид ва фарқ кард, ки номи ўро гирифта ҷеғ мезананд, аммо ҷавоб дода натавонист, хост ҷунбад, то онҳо донанд, ки ў зинда аст ва дасту пояшро кушоянд, лекин натавонист, зеро ҳар садое, ки ў дармедод, на хоста мекард, балки беихтиёр мебаромад.
Амаки Салоҳиддин ба Ниёз «мон хоб равад, халал нарасон»
гуфта як печи намадро кушод; Власовро як ғел гардонд ва ў чунин ғел гаштанро пай бурд ва гумон кард, ки ҳоло ҳам дар кўҳ ҳасту аз кўҳ ғелон мешавад. Амаки Салоҳиддин боз ўро рўболо гузошт ва лаби алов рафт: «Нарас, вай ҳоло ҳеҷ чизро намефаҳмад, мон хоб равад!» Ниёз ҳайрон шуд, ки амаки Салоҳиддин ин чизҳоро аз куҷо медонад? Ин хел бошад, чаро аз сиҳат шудану нашудани ў пурсӣ, «парвардигор медонад» мегўяд? «Намефаҳмӣ ин одамонро».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо