Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба назари амаки Салоҳиддин хона хунук шуд, ҳезумро дар оташ зиёдтар гузошт.
— Чаро намадро намекушоед, амак?
— Мумкин не, кам-кам кушодан лозим.
Ва баъди як соат печи дигарро кушод.
Ба назари Ниёз он қадар вақте ки гузашт бояд се бор рўз мешуду се бор шаб, аммо ҳеҷ не, ки субҳ дамад. Амаки Салоҳиддин оби ҷўши офтобаро гирифта нимашро ба обдастае гардонд, боз ба офтоба аз кўза об рехта, дами оташ гузошт ва обдастаро бардошта берун баромад. Ниёз фаҳмид, ки субҳ наздик аст ва ў таҳорат мекунад, намоз мегузорад... Ниёз баъди берун баромадани ў каме тоқат кард, сонӣ назди намади печида рафта аз нои тори сари Власов оҳиста садо дод: «Власов! Борис Владимирович!» Власов ба ҷои ҷавоб абрў ҷунбонд, ки ў медида бошад. Ниёз гўш медод, ки аз ў садое меояд ё не. Ва ҳамин ки садоро нашунид, тамоман умедашро канд ва аз амаки Салоҳиддин ҳам дилаш монд, ки ўро фиреб медиҳад, «чӣ лозим маро тасаллӣ додан?» Ниёз дари хонаро кушода баромад, берун сафед метофт, рўз фаро расидагӣ барин, вале баъди диққат кардан дарёфт, ки равшании барф аст, вале нафаси сарди барф нафорид, ба назараш шум намуд, гўё ин хел барфи сарду шумро дар умраш бори аввал мебинад, тоқат карда натавониста гурехт, баргашта даромад ва дарро чунон пўшонд, ки ҳаргиз рўи барфро диданӣ набошад, хунукиро нахоҳад; дарро пўшиду боз сахттар кашид. Чунин ба назар мерасид, ки ў барои бозомадан ва ё наомадани амаки Салоҳиддин берун баромада бошад, то дониста кор кунад. Тоқати ў тоқ гашта буд, мехост зудтар донад, ки Власов мурда аст ва ё зинда, ояндаи худ, зиндагии худро ба ин чиз вобаста медонист; назди намади печида рафт, то печи онро кушояд ва гўш бар сари синаи ў гузошта донад. ки нафас мекашад ё не, умеди зиндагӣ ҳаст ё не; кушода ҳамин чизро дониста, то омадани амаки Салоҳиддин боз намадро печониданӣ буд: каме ба паҳлў тела дод ўро ва ба гўшаш садое омад: «накун, боз печонида наметавонӣ!» Баргашта ба дар нигарист, дар маҳкам буд. Ҳайрон монд. Гумон кард, ки ба ҷуз ў дар ин хона боз каси дигар ҳаст. Зери партави хираи чароғи сиёҳ, ки шояд охирин нами равғанро пилта кашида месўхт, касеро надид, кофт, атрофро аз назар гузаронд ва яқин кард, ки ин садо аз Власов омад:
«Власов, Власов!» ҷавоб нашунид, вале аранге ба назараш намуд, ки намади печида ҷунбид. «Власов, Власов!» намади печидаро дошта ва ҷунбонда-ҷунбонда садо кард ў... Ва ҳамин вақт дари хона боз шуда амаки Салоҳиддин омад ва ба хона равшанӣ ва ҳавои тоза даромад, забонаи чароғи сиёҳро лаппонд. Бўи дуди равғани зағир, бўи дуди оташ ба димоғи ў дигар хел расид: ғализ, дилнокаш. Пас ў дари хонаро боз гузошт, чароғи сиёҳро гирифт, аз дар берун баровард ва боз даромада оташро фурўзонтар кард, ҳезуми зиёдтар монд.

пешина
аз 279
навбатӣ