Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Оташ аланга зад, ҳавои хона тоза ва сонӣ сард гашт. Ў дарро пўшид, охирин печи намадро кушод. Власов рўболо мехобид. Ў баробари намадро кушодан мисли тифле, ки дастбанду побанди гаҳвораашро кушода бошанд, ҳамёза кашид, гўё ин кораш ҳам беихтиёр буд... Ниёз дод зад: «Власов! Борис Владимирович!» Чашмони Власов кушода буданд, аммо ба садои Ниёз ҷавоб надод, танҳо нигоҳ мекард, акнун дар равшании субҳ ва партави оташи фурўзон нигоҳи ўро дидан ва маънӣ гирифтан имкон дошт... Барои Ниёз муҳимаш он ки Власов зинда аст...
Власов Ниёзро шинохт, дар майнаи гўё хуфтааш давр мезанонд, ки ин одам Ниёз аст, аммо ба вай чизе гуфта наметавонист ва ғамгин ҳам мешуд, ки чаро Ниёз ба суханони вай ҷавоб намедиҳад, ба ў мадад намекунад, намебардорад, чӣ ҳолу аҳвол доштани ўро намегўяд – ҳеҷ чиз намегўяд, мулўҳ барин ба чашмони ў менигарад: «Гўй, охир ин чӣ аҳвол аст!?» Ниёз нигоҳи ўро пай мебарад, ба ў чизе гуфтан мехоҳад, ҳамаи воқеаро гуфтан мехоҳад, вале амаки Салоҳиддин ўро пеш рафтан намемонад, хоҳиш мекунад, ки беморро безобита накунад, ба ҳаяҷон наорад. Амаки Салоҳиддин латтапораеро дар оби гарми офтоба тар карда, ба лабу рўи Власов молид, ба назар дасту рўи ўро мешустагӣ барин, аммо вай дигар хел шуст: аввал базўр латтаро расонда, сонӣ сахттар молида ва баъд паи ҳам дошта-дошта гўё ба лабу даҳону ҷоғи сармохўрдаи ў гармӣ гузаронидан мехост. Ў дид, ки либосҳои Власов тар аст, бо мадади Ниёз мўзаашро кашид, кителашро кашид, шимашро кашид, ҳама чизашро кашид ва чакман пўшонд ва аз дар сар берун карда «Кампир!» гўён фарёд зад. Кампир ба садои ў маътал будааст, ки дар табақи чўб атолаи ордбирён овард. Амак ба Ниёз фармуд, ки беморро сари дил дорад – дар пушташ муттако шуда ўро нишаста дорад ва худаш чумчаро ба даҳони ў наздик бурд, ки атола хўронад, аммо Власов даҳон кушода наметавонист. Амаки Салоҳиддин даҳони ўро бо даст кушод, атола рехт. Атола дар даҳонаш монд, аз кунҷи лабонаш шорид: «Андаке паст бикун» ба Ниёз фармуд ў ва Ниёз каме худро пас кашид. Атолаи гарм ба гулўи бемор рафт.
Амаки Салоҳиддин боз атола рехт, атолаи гарм магар форид, ки Власов кўшиши култ бурдан мекард ва нимаш мерехту нимаш фурў мерафт. Амаки Салоҳиддин бо латтаи тар атолаи шоридаро аз манаҳу риши бемор пок мекард ва боз ба даҳони ў атола мерехт.
Власов то ҳол гармии хонаро ҳис мекард, акнун ба танаш гармӣ давид, ў сар ҷунбонд, ки дигар атола намехўрад. Кўрпа андохта, ўро хобонданд. Ниёз бисёр мехост, ки ў чизе гўяд, то фаҳмад, ки аз дили ин мард чӣ гузаштааст.
— Александринро пайдо карда биёрам? – пурсид Ниёз.
— «Ҳа» – чашм пўшида кушод ў ба ҷои ҷавоб ва Ниёз бадар рафт.

пешина
аз 279
навбатӣ