Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Власов ба амаки Салоҳиддин нигоҳ мекард, сухан гуфтан мехост, аммо наметавонист, лозим ҳам набуд, гўяд ҳам ў лафзашро намефаҳмад, барои ҳамин вай нигоҳ мекард, ки аз нигоҳи миннатдоронааш мардак фаҳмад. Амаки Салоҳиддин ин чизро фаҳмид, «бихоб, бихоб, додарам ором бихоб» гуфт, ки бемор лафзашро мефаҳмида бошад, вале бемор аз ў чашм намеканд, ба хар тарафе ки гардад, нигоҳи бемор он тараф мерафт. Ў мехост, ки мардак маънии нигоҳи ўро фаҳмад. Вай ин дафъа сар ҷунбонда миннатдорӣ мекард.
— Мефаҳмам, мефаҳмам, ором бихоб, додар, тақдир будааст, вагарна ту куҷо будиву ман куҷо, ҳамин як чика атолаи ман насиб карда будааст... Гумон накун, ки ман гўлу гумроҳ, ҳама ишораҳои туро мефаҳмам... Лозим не, ҳеҷ чиз лозим не, ин қарзи инсон; ман ҳам дар чунин ҳол меафтодам, ту ҳамин хел рафтор мекардӣ, агар не, ману ту ба чӣ лозим? Ман барои худам зиндагӣ намекунам, умуман мо кўҳистониҳо ҳамин хел: бачу кач мегўем, хешу табор мегўем, молу ҳол мегўем, гўру кафан мегўем ва мурда меравем – барои худ зиндагӣ карда наметавонем... Имон дорам, ки ту ҳам ҳамин хел... Шарафи одамӣ ин хел не, ки фақат худам гўяд... Кўҳистонӣ ҳамин рўз як некӣ накунад, он рўзашро барабас медонад... Боз миннат нафаҳмӣ? – амаки Салоҳиддин гўё ки ў лафзашро хуб мефаҳмида бошад, суханро идома дод: – Нағз шуда, ки рафтӣ, гоҳ-гоҳ ёд оварӣ, мешавад... Гўй, ки дар кўҳистони сахт ҳамин хел одамон ҳастанд; ҳамин хел одамон, ки барои дигарон ҷонашонро медиҳанд... Ҳамин қадар гўӣ, мешавад...
Ў ҷониби Вдасов нигарист, ки боз чашм пўшида кушод: «Мефаҳмам...» ва нафаси дароз баровард, ки лол гашта бошад ҳам, ҳаракат дорад, ки сипосгузориашро фаҳмонад...
Дари хона кушода шуд ва равшанӣ даромад, ҳавои тоза ҳам ба Власов форид, мехост, ки дарро напўшанд ва ўро берун бароранд ва чунин хоҳишро, ки изҳор карда наметавонист, ҳавасаш дар дилаш монд: «Нест, – гуфт ў баробари аз дар даромадан Александринро дар назар дошта ва илова кард: – Аз уезд ҷеғ задаанд.
Самарқанд рафтааст». Сонӣ назди Власов нишаста ҳолу аҳвол пурсид, Власов чашм мебасту сар меҷунбонд ва дуру дароз ба рўи Ниёз менигарист, нигоҳи ўро танҳо худаш мефаҳмид ва Ниёз ҳазору як тахмин мекард, ки ў чӣ мегўяд, дар дили ў чӣ ҳаст? Хиҷолат мекашид, ки кори нохуб шуд... Истода-истода хаёл мекард, ки хамаи ин корҳоро медониста бошад? Аз кўҳ чӣ хел ба ин ҷо расиданашро медониста бошад? Донад, аз Ниёз хафа намешавад ва агар бехабар бошад, сиҳат шавад, ҳамаашро мефаҳмонад, он вақт хафа мешавад ё не, кори худаш...
— Чӣ хел?
Власов табассум кард, чунон табассум, ки то ин вақт ў ҳазл карда, худро касалу нотавон нишон дода, акнун якбора арзи ҳастӣ кардааст.

пешина
аз 279
навбатӣ