Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ниёз низ табассум кард ва хориаш омада як чиз гулўяшро гирифт, зўр мезад. ки он луқмаи ноҷоро фурў барад, вале ба назараш луқма фурў нарафта, варам мекард. Ў даст ба гулў бурд ва Власов ҳолати вайро пай бурд ва оҳиста даст бардошта ҷониби ў дароз кард: «Хо-ро-шо» ба забон омад ў, вале Ниёз нафаҳмид, ба чӣ маънӣ ин ҳарфро гуфт. Амаки Салоҳиддин ҳам рўй аз оташ тофта, ба вай нигарист ва лағжида-лағжида пеш омад. «Нағз шудӣ, писарам?»
— Ҳа, – баъди тарҷумаи Ниёз чавоб дод ў ва амаки Салоҳиддин сар аз дар берун карда фарёд зад: «Кампир, шир!»
Власов шири гармро аз коса лабкаш мекард, шири гарм ўро як лакот кард, дар танаш арақ пайдо шуд, баъди хеле вақт арақ хушк шуда, ба худ омад ва сулфид.
— Акнун рў мезанад, – гуфт амаки Салоҳиддин ва Ниёз чӣ рў заданашро нафаҳмида сўи ў нигарист.– Хунук гузаронидааст, акнун рў мезанад... Рў занад, хуб аст... Агар якбора хонаро гарм мекардем, хунукӣ дарун мезад, он гоҳ мардак ба касалии сил мубтало мешуд.– Ҳакимона мегуфт амаки Салоҳиддин ва Ниёз ҳайрон мемонд ба ақли ў. Сонӣ ў хеста берун баромад...
Ниёз суханони ўро ба Власов фаҳмонд ва ў хеле ба хаёл рафта, оҳиста-оҳиста кӣ будани мардакро пурсид. «Деҳқон» ҳамин қадар фаҳмонда тавонист Ниёз... Амаки Салоҳиддин дар даст кўзача даромада, онро дар канори оташ гузошт, либосҳои дар паҳлўи оташдон будаи Власовро пасу пеш гардонд, ки хушк шавад ва боз нишаста, кўзачаро дар оташ гирд тофтан гирифт. Сонӣ даруни кўзача ангушт зада гармиву хунукии равғанро фаҳмид ва ба Ниёз рў овард: «Гўй, ки равғани хирс мемолем...» Власов баъди фаҳмондани Ниёз табассум кард ва даст ба сари сина гузошт, ба маънои миннатдорӣ...
Амаки Салоҳиддин аз гардан то нўги пои Власов равғани гарми хирс молид ва ин дафъа чакман не, балки ҷома пўшонда дар ҷогаҳ хобонд ва болояшро бо кўрпа дам кард, ба обдаста об гирифта, дастшўӣ баромад.
Власов баъди сармо хўрдан акнун бадан доштанашро ҳис кард, пай бурд, ки пўсташ кашида мешавад ва гўё таги пўсташ мўрчаҳо мегарданд... Гарм шуд, арақ кард, ба назараш кўрпаи рўй вазнинтар мешуд. Хаёлаш ки кўрпаро аз рўяш дур андозанд, вале гуфта наметавонад; хуб нест. Лекин безобита гашта, меҷунбад, то худашон рамуз гирифта, кўрпаро бардоранд. Чунон арақ кард, ки дамаш гашта, ёрои нафас гирифтан набуд... Амаки Салоҳиддин даромад. Ниёз ба ў фаҳмонд, ки Власов гарм шуд, кўрпа вазнинӣ кардагӣ барин. Амаки Салоҳиддин рўпокча аз миён кушода арақи сару гардан, сари синаи ўро пок кард ва як кўрпаро аз рўяш гирифт, лаб лесидани Власовро дида, як пиёла оби ҷўш хўронд ва боз лаби оташдон нишаст, даст бар оташ дошт, баъд либоси Власовро даст-даст карда дид, ки хушк шудааст ё не.

пешина
аз 279
навбатӣ