Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

На танҳо хушк, балки гарм ҳам шудааст. Ў риши ягон-ягон сафедӣ афтодаашро панҷа мезад, гўё ки шона мекард ва ба хаёл рафта буд, чунон хаёл ки ва чизе ба сар меомад ва на пеши назар ва оҳиста-оҳиста ба як чиз андармон шуд, ба Власову қисмати ў: «Аз ин ҷо-ку меравад, баъд чӣ мешуда бошад?» Беихтиёр ҷониби ў нигарист ва либосашро ба оташ наздиктар дошт, ки гарм шавад... Баъдтар кўрпаро аз рўи вай кашида, ҷомаи тарро аз танаш канд, либосашро пўшонд ва аз болояш чакманро пўшонда аз ҷогаҳ хезонд, кўрпа тар шудааст, гуфта чаппа андохт ва боз Власовро нишонд, ба пушташ болиш монд, кўрпаро қат карда монд...
— Амак мепурсанд, ки аҳволатон чӣ хел?
— Нағз.
Кампири амаки Салоҳиддин боз атола овард, атолаи башир ва мардак хоҳиш кард, ки Власов лабкаш ошомад. Власов нимашро хўрд, дигар зўраш нарасид...
Александрин барнагашта Власов сиҳат шуд ва азми сафар кард, вале ҳайрон буд, ки чаро Александрин ўро нигарон нашуда ва акаллан хабаре надода Самарқанд рафтааст. Амаки Салоҳиддин рафтагор будани ўро дониста пурсид: «Агар дар роҳ хидмати ман лозим бошад, ҳамроҳатон равам». «Миннатдор, амаки Салоҳиддин, сиҳату саломат монам, боз аз шумо хабар мегирам». Власов Ниёзро хоҳиш кард, ки то губернияи Туркистон ўро ҳамроҳӣ кунад...
Амаки Салоҳиддину Власов тоҷикӣ хайрухуш карданд...
...Поёнтар аз дашти Таррор – дар дуроҳаи рў ба рўи Чорбог онҳо бобои Наврўзро дучор омаданд. Ниёз аз асп фаромада бо бобо вохўрдӣ кард ва аз гуфтаи бобо фаҳмид, ки назди ў рафтанист. Власов низ рафтори Ниёзро дида аз асп фаромад ва Ниёз фаҳмонд, ки ин пирамард бобои ўст. Власов хушнудона даст дароз кард ва бобову Аёзи аз асп зершуда низ бо вай самимона вохўрӣ карданд.
— Мирзониёз, мебинам, ки азми ба Киштўд рафтан надорӣ,
– паст-паст мегуфт, ки он мард нафахмад.
— Азми рафтан дорам, бобо, аммо илоҷ надорад.
— Чӣ хел илоҷ?
Ва Ниёз ба саволи бобо ҷавоб надода, Власов аз ў пурсид.
— Бобо чӣ мегўяд?
— Ҳамту, гапи хешиву таборӣ...
— Ниёз, ягон мушкилӣ бошад, гўй, аз дастам ояд, мадад мекунам...
— Мушкилӣ нест, Борис Владимирович...
Вале бобо аз гуфтугўи онҳо чизеро пай бурда, худаш фаҳмонданӣ шуд, пай бурд, ки ин мард ҳам мисли Александрин одами хуб метобад, даст ба сари синаи хеш бурд: «Ман» ва боз дастро сўи Ниёз бурд «ўро»,сонӣ ба офтоббаро рў гардонда, даст рост кард: «Киштўд, Киштўд».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо