Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Власов аз ишора «ман» ва «ўро»-яшро пай бурд, аммо «Киштўд, Киштўд»-ашро нафаҳмид. Ба Ниёз рў овард, ки фаҳмонад.
— Бобо маро наздаш бурданӣ, ба Киштўд.
— Ҳа-а... Киштўд... Заврон... Да?
— Ҳа.
Власов ба рўи нурбори бобо дуру дароз нигарист ва ба китфи ў даст монда, «бобо, мешавад, гуфти шумо мешавад» гуфт ва хоҳиш кард, ки ба онҳо рухсати роҳ диҳад, роҳашон дур аст.
— Ту чӣ мегўӣ, Мирзониёз?
— Маслиҳат мекунем, бобо.
...Власов то ба хона расидан дар ин хусус чизе нагуфт, баъди бо зану духтараш ва ошноҳояш шинос кардан, баъди меҳмондориҳо, сипосгузориҳою ба пайвандонаш ҳикоят кардани он рўзи сахт аз Ниёз пурсид; чӣ талабе дошта бошад, гўяд, вай мадад расонад.
— Ҳеҷ талабе нест, ягона хоҳиши бобом, ки ман ба Киштўд баргардам.
— Волии Киштўд шудан мехоҳӣ?
Ниёз китф дарҳам кашид ва надонист чӣ ҷавоб диҳад...
...Ниёз намефаҳмид, кӣ чи хел як фарди сари вазифаро озод карда, ба ҷояш каси дигарро нишондан мумкин аст; боз фардеро, ки аз рўи «ки зиёд?» ба мансаб расидааст. Не, ақлаш намерасад, корафтода, ки нашудааст, ба ин чизҳо сарфаҳм намеравад. Аммо бобо мефаҳмонад, ки ин кори халқ аст, халқ ҳар чӣ хоҳад, ҳамон мешавад, вале Ниёз ба ин ҳарфҳо кор надорад ва медонад, ки Власов мадад мекунад, ягона умедаш ҳамон. Аммо бобо халқро пеш меорад, халқ пешниҳод мекунад, эликбошиҳо ҳамчун памоянда интихоб мекунанд, мегўяд. Ба назари Ниёз, ки ҳама кор дар боло ҳал мешавад, на интихоб, балки таъйин мекунанд; «халқ, интихоб...» ҳилаи шаръист... Хайр, Ниёз аз Моғиён ба Киштўд омад, бинад, ки он тарафаш чӣ мешавад... Бобо дар меҳмонхонааш одамони фозили деҳаро ҷамъ оварда «Шоҳномахонӣ» мекард, мурод аз ин кор он буд, ки кас бояд дар зиндагӣ танҳо некӣ бикунад: барои ҳамин баъди қиссагўӣ, «Шоҳномахонӣ» аз «Саргузашти Ҳотам» ҳикояте ё хонда мешуд ё гуфта: «Ту некӣ мекуну бар Даҷла андоз, ки эзид дар биёбонат дихад боз». Хулосаи китобхониҳо, афсонагўиҳо, аз «Ҳазору як шаб» ҳикоят гуфтанҳо барои некӣ ва некўкории инсон буд. Аз дастат ояд ҳам, бадӣ макун... Рост рав, рост гў, рост шунав!!! Ва албатта пири рисолавии қиссаҳо Хизри афсонавӣ буд ва хирадмандтарин мардони дунё барои онҳо Фирдавсиву шайх Саъдиву Ҳофизу Бедил; дар ин водӣ ин чаҳор тан худовандони ақлу хирад буданд. Ҳар чизе, ки дар олам рў ба некӣ дошта бошад, дар ин ҷо ситоиш дошт ва ғуборе аз аҳриманиҳо пеш ояд, мазаммат мешуд... Ниёз намефаҳмид, ки чаро бобо маҳз дар ҳузури ў одамони бафазилат ва адофахмро хонда, ин зайл қиссахонӣ мекунад...

пешина
аз 279
навбатӣ