Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

ё шояд барои ў набошад...
шояд пир шудаасту аз он дунё метарсад, барои ҳамин умри мондаро ғанимат дониста, чунин рафторҳо кунад... ё гуноҳҳояшро бо ҳамин роҳ шустан хоҳад... ё ягон андешаи дигар?.. Агар ҳамаи ин корҳо, ҳамаи ин ҳарфҳо ва «некиҳо» барои Ниёз бошад, ў ба касе бадӣ накардааст, ки боиси ин қадар ташвиш шуда бошад ва ё каҷдиливу бадкеширо пеша карданӣ нест, ки бобо ўро ба роҳи рост меандохта бошад, хатто Ниёз барои чунин кирдор имконият надошт ва аз дасташ намеомад, ки ба касе бадӣ ё некӣ кунад...
Фақат дар меҳмонхонаи Равшанбой ягон-ягон чунин китобхониҳо мешуд, ки ў баъзе аз ин қиссаҳоро мешунид, аммо ин хел ки барои ў барнома барин муттасил мехонда бошанд ва шарҳу эзоҳ медода бошанд, набуд. «Кӣ ин қадар қиссаи Ҳотамро хуб назишта бошад?
Ин кадар қиссаҳои «Шоҳнома» дар куҷо рўй дода бошад?» вақти гўш кардани қиссаю афсонаҳо аз худ савол мекард ў, вале ҷавоб ёфта наметавонист. «Ҳамин хел будан, кирои зиндагӣ кардан...»
хаёл мекард ў. «Лекин кори ҳар кас не...» Ва баъд хаёлан ба ҷойҳое мерафт, ки накўкорӣ аз ҳама афзалтар аст ва дар миёни ин афсонаҳо пеши назари ў як чорпои бадҳайбати сиёхи ба ягон чорпо номонанде пайдо мешуд, ки бист сару ҳаштод пой дошт, рўи замин хазида, монанди аждари оташнафас тамоми зиштсуратон ва бадкирдоронро фурў бурда ва ё сўзонда, рўи заминро аз нопокиҳо пок мекард ва аз паси он дар рўи замин як оромӣ ва озодагӣ пайдо мешуд. Ниёз як лаҳза худро чунин медид, ки дар рўи олам аз Хизри афсонавию Ҳотами Той ҳам накўкортар мешавад: некиҳое ки ў хаёлан барои мардум, махсусан барои халқи нотавон, бечора, барҷомонда мекунад, касе карда наметавонад. «Бобо, ман ба шарте ба гапи шумо розӣ мешавам, ки ҳар чӣ, ҳоҳам хамонро кунам»
гўё ба бобояш мегўяд ў, вале бобо ба вай ҷавоб намедиҳад. Ниёз боз ин ҳарфро такрор мекунад ва дар майнааш ин чиз ҷо мешавад; ҷой мешавад, ки дар дунё ба ҷуз ин кор коре нест ва ба ҷуз ин ҳарф ҳарфе нест. Ва рафту ў ҳамун корро ба ҷо оварда тавонист, баъди Хизру Ҳотам касе мешавад, ки мардум то ҳастанд, ба некӣ ёдаш мекунанд. «Дигар кор нест, дар олам дигар шуғле нест, набояд дар рўи олам сурати нопок бошад, нашояд, ки каси бад дар давраи одамони нек нишинад. Некӣ, некӣ, некӣ...» «Ҳотам барои он ки одамиро аз чанголи саги хунхор рахо кунад, ронашро бурида пеши саг андохт ва он кас халос хўрд», дар гўшаш нақш бастааст ин некӣ... ва боз мушкилкушоиҳое ки ақл бовар намекунад, лекин дили солим ва раҳим ва нек илқо мекунад, ки кас ҳамин хел рафтор бикунад. Одам бояд дар зиндагӣ мушкилкушо бошад, то мушкилоти ў осон гардад: «Ту некӣ мекуну бар Даҷла андоз, ки эзид дар биёбонат диҳад боз»... Ниёз андеша мекунад, фикр мекунад, ки ин кори мушкил аст ва ҳатто ношуданӣ, зеро некӣ на аз дасти ҳар кас меояд. Ва дар байни ҳамагуна бадиҳою некиҳо боз хаёли Ниёз ба он меравад, ки чаро бобо ин тавр рафтор мекунад: «А, бобо чаро ин хел рафтор мекунӣ» вале ба ў ҷавобе намедиҳанд ва гумонаш, ки бобояш аз берун аз паси тиреза истода ба ў посух медиҳад: «Ман барои ту некие карда натавонистам, акнун мехоҳам, ки гуноҳи худамро дар назди ту бишўям...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо