Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ин дунё гунаҳгор ба он дунё рафтан барои мардуми мо норавост, вале ман намедонам, ки чаро ман ин чизро пештар фикр накардам, чаро ман дар хоби ғафлат монда будам; писарамро аз даст додам, ҳамун хел модари нозанинат аз олам гузашт, ҳайф шуд...» «...Ва имрўз шумо мардумро ҷамъ оварда дар бораи некӣ китоб мехонед», рў ба тиреза гардонд Ниёз, вале дид, ки бобояш дар пешгоҳ, назди марди китобхон нишастааст ва он зайле ки рўзи омаданашон дар назари Александрин намуда буд, тоза, озода, нуронӣ метобад ва Ниёз хаёл мекунад, ки боз Хизр ҳамин бобояш набошад? Шояд пири накўкор худи ҳамин бошад, маро барои накўкорӣ дарс гуфта истода бошад ва мани кўдак ба ин чизҳо сарфаҳм наравам.
Хизр ба касе дучор меомадааст, ки пок бошад, некдил ва некгил бошад ва дар дилаш ба касе ғаразе надошта бошад. Ниёз фикр мекунад, ки ў ҳамин хел кас аст, ба касе бадӣ накардааст, вале бадии дигаронро дидааст... Хизр ҳамин бобои нуронии саропо сафедпўш ва ришсафедаш аст, ки дар афсонаҳо тасвираш мекунанд.
Ба назари Ниёз меҳмонхонаи бобояш, ки баъди рафтани мардум барои ў хобгоҳ мешавад, вакти китобхониҳо ва киссагўиҳо майдони мухорибаи некию бадӣ мегардад ва баъзан ўро воҳима пахш карда баъди рафтани мардум метарсад ва хобаш мепарад. «Некӣ гуфта бобом маро девона карданӣ...» хобаш набурда, аз дар берун мешавад, ки бобояш асо дар даст мисли ҳайкал рўи ҳавлӣ истодааст ва кас намедонад, ки ў дар бораи чӣ фикр мекунад. Ва ҳоло Ниёз чӣ қадар мехоҳад, ки ҳамин сурати дар шаби ширмоҳтоб зебои ўро, ки шояд тарзи истодаш такрор нагардад, дошта бошад.
Чунин шабу чунин истоду чунин хайкал дар ҳаёт кам ба ҳам меояд. Афсона. Дар ҳақиқат афсона: «ҳар чӣ корӣ, ҳамон даравӣ».
Аз кадом қиссае ёдаш меояд. Шояд барои некўкориаш, некназариаш ин қадар нуронӣ тобад?... Вале ҳамаи ин барои чӣ? Чаро ин қадар дер? Чаро он вақт – он вақте ки ҳама умр ба назари ў шум метобад, он вақте ки якҷоя бо зиндагӣ ўро ба коми худ фурў мебурд, ҳаётро мамот гардондан мехост, бобо ўро аз роҳ бознадошт, чаро нагуфт, ки дар ҳамин ҷо – дар хонаи ман барои ту ҷой ҳаст, як газ нон пайдо мешавад, ҳоло дар деҳаи мо касе аз гуруснагӣ намурдааст, касе бараҳна намондааст, касе гўшти якдигарро нахўрдааст... Чаро нагуфт, ки волии Киштўду бешабонон ба сари мардум шиканҷа меоранд; андози беандоза мардумро бенаво кардааст, ба ҷонашон расондааст, халқ мисли баҳр омодаи дамидан аст ва оқибат чӣ мешавад... Не, нагуфт, гуфтан нахост... чаро?
Чаро нагуфт?.. Ва акнун ҷои гарми маро хунук карданист ва боз ба кадом балое гирифтор.

пешина
аз 279
навбатӣ