Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Ин чӣ? А, бобо! Ин чист? Дўстӣ ё душманӣ?», хитоб мекунад ў, вале медонад, ки ин садои пасти дили ўро бобояш намешунавад... Аз нн рў бобо истодашро дигар накарда рў ба қибла меистад. Такя бар асо дорад. Вале чӣ кор мекунад ва чӣ фикр дорад, ба ў равшан нест, барои ҳамин намехоҳад, ки халал расонад. Ягон рўз, ҷояш ояд, мепурсад. Мепурсад, ки бобо ба ман-ку раҳм накардӣ, магар ба Сабзина ҳам раҳмат наомад? Нагуфтӣ, ки ин зани мушти пар – модари ман, сахт азоб кашид, маломат шунид... Худат медонӣ-ку, бобо? Медонӣ, ки дар Кўҳистон номус аз ҳама авло: номус гуфта сар медиҳанд, номус гуфта сар мегиранд, вале ба Сабзинаи нуронӣ, ба Сабзинаи некдил, ки ҳоло ҳам сиёҳашро барои кадом каси номаълум напартофтааст, раҳмат наомад. Ба ту ҳам душвор, таги дили туро ҳам донистан душвор, фикри туро фаҳмидан ҳам душвор... Ду кас рў ба рў мешинанд, кӣ медонад, ки аз дилашон чӣ мегузарад. Одатан забони мардум дигар чиз мегўяд ва дилашон чизи дигар. Баъзан дили кас чунин чизҳоро мегўяд, ки худи кас нафаҳмида мемонад... Магар бобо фикр мекунад, ки ман дар бораи ў фикрҳо дорам? Магар ў медонад, ки Сабзинаро ҳурмат кардан вазифаи аввалини ман аст.
Вазифаи ў низ. Шарт нест, ки ў Сабзинаро баробари ман ҳурмату эҳтиром кунад, вале бояд ба як андозае ҳурмат карда тавонад.
Дар Киштўд касе нест, ки ба бобо ин гапро гўяд, зеро аз ў далертар, бонуфузтар, баобрўтар, нуронитар, босалобаттар, ростгўтар ва ҳақгўтар касе ба назар намерасад; лекин Ниёз ҳайрон, ҳайрон, ки чаро ин қадар дер ўро шинохтааст ва чаро ин қадар дер бобо ба ў аҳамият додааст...
.....Ва зиёдтар аз ҳама Ниёзро чизи дигар ҳайрон кард: Намоз аз дасти писараш Аббос кашола карда овард, айнан мисле ки ҳайвони сўри рамандаро зўран аз гарданаш банд андохта, меоварда бошанд, «салом бикун, амакбаччаат Ниёз. Сарата боло гир, шарм накун! Ин ҳамун Ниёз... Бин, чӣ хел мардак шудааст, ту бошӣ, ҳоло ҳам гўсолаи гуреза барин худатро қафо мекашӣ...
Даст те! Вохўрдӣ бикун! Бин чӣ хел калону гарон шудааст. Кас бовар намекунад, ки одамизод дар ғарибиҳо ин қадар тез сабзад.
Ин қадар тез ба воя расад. Боз одами хурд не... Вохўрдӣ бикун!
– писарашро андаке ба пеш тела медодаги барин гуфт ў, Ниёз ҳайрон буд, ки чаро амакаш як навъ зўрӣ мекунад? Боз ба писари худ, ба ҳамон писаре, ки қариб барои ў шуда, ба Ниёз ҳам марг мебахшид. Ниёз ҳайрон; тамоман ҳайрон! Ба корҳои одамӣ, ба гиру дори рўзгор ҳайрон: шояд ин ҳам таълими бобояш бошад, шояд ў ҳамаро маҷбур карда бошад, ки бо Ниёз ин хел муносибати хуб кунанд? Вале Аббос маънии рафторҳои эшонро намефаҳмад; намефаҳмад, ки барои чӣ якуякбора ин қадар ў азиз шудааст ва ин қадар дар гирди ў парвона мешаванд: бобо, амакҳо, шўи амма ва боз ким-кадом касони дигар, ки худи Ниёз намедонад кистанд.

пешина
аз 279
навбатӣ