Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Вале Сабзина дигар... Ҳатто аммаи зоидаи худаш зани Мирзобадал ҳам ин қадар меҳрубон не... Аббос дигар хел: ҳоло ҳам аз сари ғазаб нафаромадааст, якравии кўдаконааш ҳоло ҳам ҳаст, намехоҳад, ки бо Ниёз гап занад ва ё ба гуфтаҳои бобою падараш сарфаҳм намеравад; «Ту одамӣ ё хуки гуроз? Вохўрдӣ кун, гуфтам, вохўрдӣ кун!» Акнун на ба Ниёз, балки ба писараш таҳдид мекард Намоз.
«Худи дар умраш бо одам рў ба рў нашудагӣ барин».
Аббос аз таҳдиди падар тарсид, ки даст дароз кард, вале рўяш ба дигар тараф буд. Ниёз дасти ўро гирифт. «Калон шудаӣ, Аббос»
гуфт ва зуд дасташро аз дасти ў кашид. Ин чизро Аббос пай бурд ва падараш дид. Як хунаш ҷўшид, ки писарашро як торсакӣ занад, худдорӣ кард. «Хумсар» дар дил гуфт ў ва дандон соид. Ин чизро касе пай намебурд, зеро Намоз кўшиш мекард, ки дар назди Ннёз бихандад ва ҳарчи хубтар писарашро бо ў наздик гардонад. Аммо Ниёз гумон мекунад, ки барои танҳо намондан ва зиқ нашудани ў амакаш писарашро овардааст, ки ҷўрагӣ кунанд. «Амакбачча
– душманбачча» шунида буд Ниёз, вале намефаҳмид, ки байни амакбаччаҳо чӣ душманӣ шуданаш мумкин аст. Чанд сол пеш ҳамин хел нишонаҳо буд, аз феъли баччагӣ буд, вале ҳоло чӣ шуданаш мумкин? Вақте ки Ниёзу Аббос барои чизе миёни худ талоше надоранд, чӣ хел душманӣ шуданаш мумкин аст? О» вақт Ниёзро як баччаи омадаи тиҳипо ва ятими даргоҳ медонистанд, вале ҳоло Намоз ўро тавсиф кунад ҳам Аббос намефаҳмад, ки ин чӣ маънӣ дорад ва барои чӣ падараш ин қадар дар бораи ин баччаи бегона сухан мекунад. Ғашаш меояд. Гумонаш, ки лати паҳлўи харсанг ҳоло ҳам аз тани ў нарафтааст. «Падарлаънат, ту лўлакӣ, ки рўята яктарафа карда даст медиҳӣ?! Ман ба ту гуфтам, ки ў амакбаччаат, бегона не, омада не, писари амакат...»
Аббос як теғ кашида ба падар нигарист, ки он вакт чӣ мегуфтию ҳоло чӣ мегуӣ «Ту бачча не-ку! Лўлакдор!... Ниёз, ўро табрик бикун, ба наздикӣ писардор шуд» суханро дигар тараф кашид Намоз.
— Чӣ хел? – худро ба нодонӣ зада пурсид Ниёз.
— Ҳамин хел. Порсол зан дода будем, имсол писардор шуд.
— Нағз, лекин худи ў ҳоло кўдак-ку? – қасдан гуфт Ниёз.
— Бачча, ки гапро намефаҳмад-дия.
— Ин ки нафаҳмид, баччаи ў чиро мефаҳмад? – қасдан гуфт Ниёз.
Намоз ҳамин ҷо хато карданашро ва маънии сухани Ниёзро пай бурд, аммо чизе нагуфт. «Хайр, бирав. Хар!» ба писараш фармуд ў ва писараш ба ҳамин ишора маътал будааст, ки зуд рў тофта сўи дарвоза равон шуд.
...Рўзи одина масҷид моломоли одам буд. Онҳое ки лоиқи намоз набуданд, ё намозгузориро аз худ накарда ва ё солашон шоиста набуд, беруни масҷид монда буданд. Аз рўи фармуди бобо Ниёз қарибиҳои фароварди намоз омад; амакаш Намоз ўро ҳамроҳӣ мекард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо