Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Ниёз беруни масҷид Яъқубу Раҷабро дид, ки омадани ўро нигарон буданд, вале истиҳола карда пеш намеомаданд, ки Ниёз одами калон мешавад ва баъд аз байн чандин сол гузашт, онҳоро мешинохта бошад? Онҳо дар чунин андеша буданд, ки Ниёз ба сухани амакаш гўш ҳам накарда ҷониби онҳо рафт ва оғўшкаш вохўрдӣ кард. «Ту чӣ кор мекунӣ, Ниёз? – пеш омад Намоз ва аз дасти Ниёз кашид: – Бобот бинанд, пуст мекананд. Ту дигар бо онҳо ин хел ошноӣ накун, худатро дур гир. Онҳо лоиқи ту нестанд, ёри ту Аббос бояд бошад!» Аммо Ниёз даст аз дасти амак кашида бо онҳо бепарво ҳолпурсӣ мекард... Баччаҳои ўро нашинохта ҳамдигарро нихта карда, аз ҳамдигар мепурсиданд, ки ин ҷавон кӣ бошад? Як писарак паҳлўи Раҷабро пучида гуфт, ки кӣ будани ин ҷавонро ба баччаҳо гўяд, аммо Раҷаб лаб газид, ки хомўш бошад... Вале Ниёз дигар чиз мехост: хеле аҷиб аст бидонад, ки Яъқубу Раҷаб дар ин муддат чӣ корҳо кардаанд. Вале омадани саворон ин нияти ўро бартараф кард. Савори миёна ки ба аспи сафед нишаста буд, дар сар шапка дошт ва низомиро мемонд, ду савори дигар ки ўро миёна гирифта меомаданд, аспҳои ҷирани ба ҳам монанде доштанд. Барои Ниёз ин касон ношинос буданд, вале дар ин ҷо пайдо шудани чунин касон тааҷҷуби ўро наовард, зеро ў медонист, ки кайҳо боз Кўҳистон зери назари мардуми Аврупо гаштааст ва ҳар гоҳ барои омўзишу тамошою дидани табиати ин ҷо меоянд. Вале баъд маълум шуд, ки он кас на кўҳбон, на сайёқ ва на конков, балки намояндаи Туркистон будааст, ки барои дар волости Киштўд волӣ таъйин кардан омадааст...
Намоз ором ва осуда гузашта бошад ҳам, маҷлис чунин мағал шуд, ки ҳама ҳайрон монданд; гўё сухан дар бораи ҳаққу ҳуқук, мерафт ва агар ҳар касе ҳоло насибаашро нагирад, дигар як умр гирифта наметавониста бошад: аз ҳамин ҷо, дар ҳамин лаҳза масҷидиён ба ду гурўҳ тақсим шуданд ва ҷаҳоне, ки дар ҳамин замон ба як низом ва ифоқа омада буд, аз нав мағал шуд ва барои тақсими молу мулк аз нав талош карданд. Ниёз ин хел гумон надошт, бобояш ҳам ин чизро намехост, вай умед надошт, ки барои аз волигӣ озод кардани як барлоси авомфиреб ин қадар мағал мешавад: шояд мағал барои ин ҳам набошад, шояд мардум аз андозҳои зиёди волӣ ва кўҳбонҳо ба танг омада ин хел роҳбарҳоро нахоҳанд ва ё осудагию бечорагии худро авло шуморанд?
«Ин хел волосту ин хел волӣ ба мо лозим не! Мо мисли ў қуввате надорем, ки ба ин қадар андоз тоқат бикунем!...» садо омад, вале Ниёз дида натавонист, ки соҳиби овоз кист. Мағал паст шуд ва давра хомўш гашт, гўё ҳама ба андеша рафтанд. «Волӣ шавад, лекин тамоми андозҳоро бардорад!» хомўширо шикаст ин садо ва боз барои тасдиқи ин фикр мағал шуда аз нав ҳамин ҳарфро такрор мекарданд: «Бардошта шавад! Андозҳо бардошта шавад!»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо