Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Касе гумон надошт, ки кор чунин сурат мегирад: бобои пир низ аз ин чиз бехабар буд ва пешомади корро намедонист. «Оқибаташ ба хайр шавад» гуфта, ришашро қабза кард, каме дошта ба пас кашид, ки сараш андаке ба зер хам шуд. Марди шапкабасари аз Туркистои омада ҳеҷ кор карда наметавонист ва бештар ба касони шиноси ҳамроҳи ў аз Панҷакату Самарқанд омада нигоҳ мекард, ки чӣ кор бояд кард, вале онҳо низ намедонистанд, ки чӣ кор бояд бикунанд. Бобо пушаймон шуд; пушаймон шуд, ки беҳуда Ниёзро аз кони Ҷилав гирифта овард. Ҳар чӣ мешуд, бо ҳамон марди пурдони дурандеш Александрин мешуд. Чунин рафтор ба некӣ намебарад...
Пирамард ба писараш Аёз ишора кард, ки наздаш биёяд. Ў бо Аёз чӣ гуфту чӣ монд, ки вай сар ҷунбонда, оҳиста аз маърака берун шуд ва Намозро низ ҳамроҳ гирифта бурд...
Мачлис натиҷае набахшид. Як мағал шуду монд. Баъд ба талош афтоданд, ки меҳмонро кӣ бояд зиёфат кунад. Барлосҳо хеле даву ғеҷ карданд, ки меҳмони олиқадрро ҳамроҳ баранд, аммо нашуд.
Бобо чӣ кор кард, ки меҳмонҳо ҷониби ў гаштанд. Сабабаш он буд, ки бо фармуди бобо Ниёз ба онҳо наздик шуда, ба лафзи русӣ нияти бобояшро фаҳмонд, ки пирамард онҳоро меҳмондорӣ кардан мехоҳад. Намояндаи Туркистон ба ҳамсафаронаш нигарист ва кадоме ба ў фаҳмонд: касе, ки дар борааш сухан меравад, ҳамин ҷавон аст. Намоянда саропои ўро аз назар гузаронд ва «да-да» гуфта розигӣ изҳор кард: «Медонам. Ба ман гуфта буданд». – Ба Ниёз наздик шуда даст ба вохурӣ ёзид ва қадам боздошта пурсид:
— Шумо Борис Владимировичро мешиносед?
— Хо, мешиносам.
— Салом гуфт.
— Ташаккур! Сиҳатиашон хуб?
— Хуб. Аз шумо миннатдор.
Гўё чунин муомила барлосҳоро кушт: шўре ба миён омад ва зуд ба сари оташ об рехтагӣ барин ором гашт...
Сонӣ меҳмонон фаҳмониданд, ки маҷлисро вақти дигар давом медиҳанд, холо ба хонаи пирамард бояд бираванд. Ростӣ, сухани чунин пири нурониро гардонидан гуноҳ мешуд. Аспҳоро аллакай бурда буданд. Меҳмонон аз паи бобо равон шуданд... Ин дафъа низ мардум чуноне мекарданд, ки рўзи омадани Александрин карда буданд; сари деворҳо пур аз одам буд, меҳмонони шиносро тамошо мекарданд. «Маймун омадаст?!» дар қаҳр шуда гуфт бобо ва бо асояш сўи онҳо таҳдид карда гуфт: «Худе ки дар умрашон одам надида бошанд».
Баъди чанде беруни дарвоза мағал шуд. Ғалмағал кадом рўзи ғазоро ба ёд меовард: саҳнае аз китоби афсона ё таърих буд. Намозу Мирзобадал дами дарвозаро гирифта, намегузоштанд, ки мардум дароянд. Бобо дид, ки мардум ба ҳавлӣ ҷой намегиранд, анбўҳи шўридаро нагузоштанд, ки дароянд; аз дами дарвоза то хамгашти кўча пур-пури одам буд ва бобо намедид, ки он тарафаш чӣ гуна аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо