Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Меҳмонон ва Ниёз низ аз паси бобо гардан ёзида, менигаристанд, ки чӣ моҷарое бошад. Меҳмонон ин касонро намешинохтанд, аммо бобо мешинохт, одамони деҳаҳои дигарро ягон-ягон мешинохт.
— Балво? – пурсид меҳмон.
Бобо ба ҷои ҷавоб даст боло кард, ки хомўш истанд. Мардум чизе талаб мекарданд. Намозу Мирзобадал ҷавоб медоданд, ишораҳо мекарданд, вале маълум набуд, ки чӣ мегўянд. Дили бобо ба тапиш даромад; барои наберааш Ниёзро даъват карда оварданаш пушаймон шуд. Дар дил пушаймон шуд, ки ба сари ин баччаи берўзӣ боз як рўзи сахт овард.
— Ниёз, гўй, он мардонро бипурсанд, ки чӣ мехоҳанд? – хоҳиш кард меҳмон.
— Бобо, меҳмон мегўянд, ки аз онҳо бипурсед, ки чӣ мехоҳанд?
Бобо боз даст боло кард ва ягон чизро медонистагӣ барин чашм аз мардум намеканд. «Дар масҷид ин қадар одам набуд, аз куҷо пайдо шуданд?» зери лаб пичиррос зад ў.
— Онҳо киро талаб мекунанд? – боз пурсид меҳмон хавф кашида ва барои осуда кардани дил чунин изҳор дошт: – Гўё ки ба талаби эсо омада бошанд.
Бобо баргашта ба марди рус нигарист ва ба Ниёз фармуд:
— Ниёз, бипурс, ки ў Эсоро аз куҷо медонад, – Эсо-волостнойро дар назар дошта пурсид бобо.
— Ў Эсо-пайғамбарро мегўяд бобо.
— Ҳа-а, писари Бибимарямро? Пайғамбарашонро... Гумонам, ки Эсо-валастнойро мегўяд...
— Бобо, ў мепурсад, ки шумо мисли Эсо-пайғамбар ба пешвози мардум баромада талаби онҳоро фаҳмед.
— Бигўй, ки астағфируллох гўяд... бобо куҷову пайғамбарӣ куҷс.Шумо маро гунаҳгор карданӣ ҳастед.
Ва Ниёз сухани боборо ба намоянда тарҷума кард, ў хандид.
Сонӣ бобо аз рўи сухан не, худаш ба назди издиҳом баромад; асояшро гирифта, аз зинаи меҳмонхона фаромада, сўи дарвоза равон шуд ва рў ба рўи мардуми беруни дарвозаи кушода бозистод. Ба назари марди рус расид, ки айнан саҳнаи ба назди халқ омадани Эсост. Вале бобо аз чунин мушоҳидаи намоянда бехабар, асоро ду ваҷаб аз нўги пой пештар рост дошта, муроҷиат кард: «Чӣ мехоҳед, мардум!?» Садои марғўладори бобо халқро ба ҷунбиш овард ва онҳо низ арзи худро гуфтанд:
— Ба мо намоянда лозим, намояндаи губерния.
— Ў ба шумо чӣ бадӣ кард?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо