Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Бадӣ накардааст, лекин некӣ карданашро мехоҳем! – Марди мўйлабдори басиёсат, ки аз чашмонаш оташ меборид, пеш омада арз кард. Дар ду паҳлўи ў Яъқубу Раҷаб меистоданд. Бобо онҳоро дида, тасаллӣ ёфт. Ниёз низ баромадан хост, аммо марди рус намонд: «Сабр бикун, ҳоло касе намедонад, ки чӣ балост». Ва аз берун боз намояндаро талаб мекунанд. Бобо даст боло мекард, чунон даст боло мекард, аз қабили одамони рўи замин набошад, гўё ўро аз кадом сайёрае фиристода бошанд ва таомули мардуми ин ҷоро намедониста бошад, ба ҳар сухан: ба сухани намоянда ҳам, ба сухани мардуми шўрида ҳам даст боло мекунад, ки бо ҳамин масъала ҳал мешуда бошад. Халқ низ ўро дар ин ҳолат намешинохтаги барин; аз хурд то калони деҳа ва деҳоти атроф ўро мешиносанд, қиссаи писару наберааш Ниёзро низ медонанд, вале ҳоло ба ин сурат рафтор кардани боборо намефаҳманд ва миёни худ чиҳое мегўянд.
Аҷибтараш – рафтори Намоз: бепарво, гўсфандро пўст меканаду лаҳза ба лаҳза корди хунолудро ба пўст пок мекунад, пушти корд ба даҳон гузошта, бо дандонҳои пеш газида, бо нохуни нарангушти дасти рост қассобӣ мекунад – пўст мефарорад. Баъзе баччаҳое, ки маънии омадани мардумро нафаҳмида, беихтиёр ҳозир шудаанд, ба устокории Намоз даҳоняла нигоҳ мекунанд ва онҳое ки ғазоро хуб дарк кардаанд, аз бепарвоии ў дар ҳайрат, лаб мехоянд. Мирзобадал низ бепарво: ин тарафу он тараф гузашта дасту пои гўсфандро медорад, то пўст кандан барои Намоз осон шавад.
Бобо даст боло карду назди намоянда даромад, то маслиҳат бикунанд. Пасон баромаданд.
— Хўш, бипурс, ки халқ чӣ мехоҳад, – ба Ниёз рў овард намоянда.
— Намоянда мепурсанд, ки шумо чӣ мехоҳед?
— Мирзониёз волии Киштўд шавад!
Ниёз ин чизро тарҷума накард. Чунон ки бобо даст боло мекард, намоянда низ даст боло кард:
— Фаҳмост...
Анбўҳи одамон ҷунбиданд, ки фаҳмо бошад, кор равшанӣ доштагӣ барин. Вале Ниёз – ҳайрон, ба ҳамаи ин рафторҳо, кирдорҳо ҳайрон; маълум, ки ў ҳоло одаму одамиро намефаҳмидааст...
Ҳоло мехоҳад, ки ҳама чизро фаромўш кунад. Чунон ангорад, ки дар ҳасташ ҳодисае, воқеае, кирдоре ва чизе пеш наомадааст, пиндорад, ки ў аз модар ҳамин хел таваллуд шуда ва ҳоло ўро ном мегузоранд; тани бараҳнаи ўро мепўшонанд, пеши пои тиҳиаш кафш мегузоранд, ўро тўй мекунанд... ва боз ҳар қарзи падарие, ки дар гарданашон бошад, адо мекунанд. Вале ў миёни ин ташвишҳо падару модарашро байни мардум намебинад, чашмонаш аввалу охири селаи одамонро ҷўё мешавад, аммо зодагонаш ба назар наметобанд; хомўш, ба касе чизе нагуфта, сирри дилашро ба касе ифшо накарда, нафаҳмонда, ашки чашмро дар ашкдони вуҷудаш боздошта, бо нигоҳаш онҳоро ҷўё мешавад...

пешина
аз 279
навбатӣ